Филми «Автобус»-и коргардони тоҷик Абдулҳай Зокиров дар фестивали байналмилалӣ ҷоиза гирифт

Сентябрь 10, 2020 17:15

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии мазҳакавии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  бо номи  «Автобус» дар  Кинофестивали  байналмилалии XVI филмҳои мусулмонии Қазон  сазовори Ҷоизаи Дипломи 1 Нигоҳи гурӯҳи стратегии «Россия ва олами исломӣ» гардид.  

Муаллиф ва коргардон-таҳиягари филми мазкур Абдулҳай Зокиров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «дар Фестивали  байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазон беш аз 600 филм иштирок кард, ки 60-тои онҳо барои ширкат дар ин ҷашнвора интихоб шуда буданд. Ман ҳатто боварӣ надоштам, ки филми ман соҳиби ҷоиза мегардад».

Номбурда иброз намуд, ки фестивали мазкур онлайн баргузор шуда, филмҳо қариб ду моҳ интихоб гардиданд ва филми “Автобус ” дар он сазовари ҷоиза гардид.

«Ман айни ҳол дар Саразм қарор дорам ва бовар кунед, ҳатто саҳифаи электрониамро накушодаам, вале ин хабари хушро вақте аз ҳамкасбон шунидам, маро он хеле рӯҳбаланд кард», — иброз намуд Абдулҳай Зокиров.

ДАР АКС: коргардон Абдулҳай Зокиров

— Филми «Автобус» соли 2019 ҳамчун як мазҳакаи моҷароҷӯй ба навор гирифта шудааст. Ҳама амалҳои филм дар автобус ва кӯча сурат мегиранд. Барои ба навор гирифтани филми 80-дақиқаӣ қариб як моҳ тӯл кашид, — гуфт коргардон.

Дар филм актёрони касбӣ, ба мисли Мавлона Наҷмиддинова, Заррина Хушвахт, Абдулмӯъмин Шарифов, Насриддин Нуриддинов, инчунин ҳунармандони театрҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд нақш бозидаанд.Фестивали  байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон аз соли 2005 дар пойтахти Тотористон баргузор мешавад. Мавзӯъҳои форум маънавӣ ва ахлоқии умумиинсонӣ, арзишҳои оилавӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, ғояҳои сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирии динӣ ва гуманизм мебошанд. Ба барнома филмҳои коргардонҳои Россия ва хориҷӣ дохил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  филми «Автобус»-и коргардон пурра омода шуда, рӯзҳои наздик нахустнамоиши он баргузор карда мешавад.

Сентябрь 10, 2020 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд