Гумонбарони ҷинояти махсусан вазнин — одамкушӣ дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ва Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷинояти пурсару садое ошкор гардид, ки дар ҷараёни пешбурди чорабиниҳои фаврӣ– ҷустуҷӯӣ ду ҳолати қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахсони қаблан бедарак ғайбзада муайян гардида, гумонбарони ҷинояти махсусан вазнин дастгир карда шуданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар асоси муроҷиати пайвандон аз моҳи январи соли 2018 инҷониб шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, ҳамчун шахси бедаракгардида дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои ғайб задани ӯ мавриди коркардҳои фаврӣ қарор дода шуда, пас аз гузашти ду сол ахиран сабаби бедарак гардидани Замирамоҳ Ҳайдарова ошкор карда шуд.
Новобаста аз гузашти ду сол коркарду чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ ва фаъолияти якҷояи кормандони Прокуратураи ноҳияи Сино ва милитсияи пойтахт натиҷа дод. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи ноҳияи Сино ва милитсия дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб, дар мавзее, ки тахминан 50-60 метр ҷуқурӣ дорад, аз зери хок ду ҷасади ҷинси зан пайдо намудаанд.
Ташхиси тиббӣ-судии ҷасадҳо ошкор кард, ки шахсони фавтида на аз марги маъмулӣ, балки бо роҳи зӯроварӣ-буғӣ кардан ба ҳалокат расонида шудаанд. Акнун пас аз дарёфти ҷасадҳо ҳар як корманди фаврии милитсия ва прокуратураро зарур буд, то шахсияти ҷасадҳоро ошкор ва гумонбарон-содиркунандагони ин ҷинояти махсусан вазнинро муайяну дастгир созанд.
Маълум карда шуд, ки дар содир кардани ин ду ҷинояти одамкушӣ шаҳрвандон Сафаров Дониёр Каримович, соли таваллудаш 1992 ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, н. И. Сомонӣ, кӯчаи Деҳнаваки боло мебошанд. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Сафаров Дониёр бо Ҳайдарова Замирамоҳ муддати тӯлонӣ шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо рафиқаш Саъдулло Раупов нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ намудаанд.
Аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов баъд аз мавриди лату кӯб қарор додани Замирамоҳ Ҳайдарова ӯро дар бағоҷи мошини худ ҷойгир ва бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд.
Аз торикии шаб ва набудани одамон дар атроф истифода карда, гумонбарон аз оҷизии Ҳайдарова суиистифода бурда, ӯро мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус гумонбаршудагон Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ба хотири пинҳон намудани изи ҷинояташон гумонбарон ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50 метр зери хок пинҳон кардаанд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки дуюмин ҷасади ёфтшуда низ шахсияташ зан буда, шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи н. И. Сомонӣ, деҳаи Алхитой мебошад, ки номбурда низ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамчун шахси бедаракгардида дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дуюмин ҷинояти кушторро низ гумонбаршуда Саъдулло Раупов содир кардааст.
Гумонбаршуда Саъдулло Раупов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба мошини шахсии худ савор намуда, баҳри амалӣ намудани нияти нопоку ноҷавонмардонаи худ дар дохили мошин ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. Аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизии духтар истифода бурда, ба макони қаблан ҷиноят содирнамудаашон, яъне теппаҳои деҳаи Харангон рафта, Саъдулло Раупов ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намудан кардааст. Баъди аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад гумонбаршуда Саъдулло Раупов Меҳрафрӯзи Холмирзоро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Гумонбаршаванда Саъдулло Раупов бо гумони он ки ин амали содир намудааш низ ба мисли қаблӣ аз назарҳо пинҳон мемонад, ҷасади марҳум Меҳрафрӯзи Холмирзоро низ дар макони қаблӣ пинҳон кардааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбат ба гумонбаршудагон Саъдулло Раупов ва Дониёр Сафаров бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои содир кардани чунин ҷинояти махсусан вазнин-одамкушӣ гумонбаронро маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ дар пеш аст.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






