Имрӯз аз санаи ба муомилот баровардани пули коғазии «3», «200» ва «500» сомонӣ 10 сол сипарӣ шуд

Сентябрь 10, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз санаи ба муомилот баровардани пули коғазии 3, 200 ва 500 сомонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сол сипарӣ гардид. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 10 сол муқаддам -10 сентябри соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйироти назаррас дар ҳаҷми муомилоти пулии мамлакат ва сохтори талабот ба пули нақд, танзими бозори асъори  мамлакат пулҳои коғазиро бо арзишҳои «3», «200» ва «500» сомонӣ ба муомилот баровард. 

Дар пули коғазии 200-сомона, ки андозааш  159  мм ба 68 мм  мебошад, дар тарафи росташ акси Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1881 — 1937) ва расми бинои Китобхонаи миллӣ таҷассум ёфтааст, тасмачаи  голографӣ бо матни «National bank of Tajikistan» дар кунҷи чап ва рақами «200» дар кунҷи рости он навишта шудааст. Ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшноии пул тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳо медурахшанд.

Шумораи силсилавӣ бо рақамҳои ламсшаванда, ки бо лазер дар болои тасмачаи голографӣ ҷой дода шудаанд, бо се адади охири шумораи силсилавии пул навишташуда якхелаанд. Ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш ин се рақам бо ранги сафедчатоб дар охири рӯи тасмачаи голографӣ намудор мешаванд.

Номинали пули коғазии 500 сомонӣ, ки андозааш 162  мм ба 71 мм буда, дар тарафи рости он акси Сардафтари адабиёти классикии тоҷик  Абӯабддулоҳи Рӯдакӣ (858-941) ва дар тарафи чапаш расми бинои  Қасри миллат   ҷойгир шудааст, бо ранги тағйирёбанда навишта шуда, ҳангоми дигар кардани кунҷи рӯшноӣ аз сурхи сияҳтоб ба тиллорангу сабз табдил меёбад. Ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидани пул дар дохили равзана тоҷ ва нишони Тоҷикистон намудор мешаванд. 

Дар пули коғазии 3 сомонӣ, ки андозааш 141 мм  ба 65  мм мебошад, дар тарафи росташ акси Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 — 1937) ва дар самти чапаш бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Инчунин аз соли 2018 дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тангаи филизӣ бо арзиши  номиналии 3 сомонӣ дар шакли диски мудаввари дорои қутри 25,5 мм ва ғафсии 1,8 мм, аз филизи ранга – нейзилбер сохта шудааст, ба муомилот бароварда шуд. Дар рӯйи танга дар марказ номинали танга (3 сомонӣ), ки гирдогирдаш бо нақши дорои ҳашт шуоъ зинат ёфтааст, ҷойгир буда, дар зери нақш соли барориши танга дарҷ ёфтааст. Болотар аз номинали танга тасвири тоҷи шоҳӣ ва ҳафт ситорача – расм аз нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир шудааст. Дар паси танга расми арбоби давлатии тоҷик Ш. Шоҳтемур, дар поён сарҳарфи ном ва насаби ӯ зикр шудааст. Дар қисмати нимдоира дар поён навиштаҷоти «СЕ СОМОНӢ» омадааст, ки арзиши номиналиро ифода мекунад, дар боло навиштаҷоти «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» омадааст, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доштани тангаро мефаҳмонад. Ҳамаи тасвирҳо ва навиштаҷот дар танга барҷаста ҳастанд. Канораҳои танга бо барҷастагиҳо ҳошиякорӣ шудаанд. Дар сатҳи паҳлуии танга ду навиштаҷоти қирраҳо – «СЕ СОМОНӢ», ки бо нуқтаҳо ҷудо шудаанд, тасвир шудааст. Вазни тангаи «3» сомона  6,3 грамм аст.

Бояд гуфт, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. 30 октябри соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  асъори нави миллӣ, пули нави Тоҷикистон –сомонӣ ба муомилот ворид гардид. Воҳиди пулии нав ба ифтихори Исмоили Сомонӣ (849-907)-асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- Давлати Сомониён номгузорӣ шудааст.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад