Имрӯз дар Маҷмаи Умумии СММ паёми видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон манзур карда мешавад

Сентябрь 22, 2020 17:38

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паёми видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ  СММ), ки охири ҳафтаи гузашта сабт гардида, аллакай ба Ню-Йорк фиристода шудааст, шоми имрӯз, 22 сентябр, дар рӯзи аввали қисми муҳимтарини Иҷлосияи 75-уми МУ СММ  манзур карда  мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 29 сентябр дар Ню-Йорк ҳафтаи сатҳи баланди Иҷлосияи 75-уми МУ СММ баргузор мегардад. Сухан дар бораи чорабиниҳои марказии сиёсии байналмилалии сол барои баррасии ҳамаҷонибаи мушкилоти мубрами замони  муосир меравад, ки одатан сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷиро ба ҳам меоранд.

Бо вуҷуди он, ки иҷлосия қариб пурра виртуалӣ аст, Маҷмаи Умумӣ масъалаҳои воқеиро баррасӣ мекунад.

«Фалокати иқлимӣ наздик мешавад, гуногунии биологӣ коҳиш меёбад, камбизоатӣ дубора меафзояд. Шиддати нобоварӣ, геополитикӣ ва ҳастаӣ зиёд мешавад. Технологияҳои дигаргункунанда имкониятҳои нав фароҳам оварданд, вале таҳдидҳои навро низ ошкор карданд. Пандемияи COVID-19 осебпазирии ҷаҳонро ифшо намуд. Ҳамаи мо ин мушкилотро танҳо дар якҷоягӣ ҳал карда метавонем», — изҳор дошт дирӯз Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш зимни ифтитоҳи Иҷлосияи 75-уми МУ СММ.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбороти СММ иттилоъ дод, тибқи анъана мубоҳисаро Бразилия оғоз менамояд ва сипас ИМА ҳамчун кишваре, ки дар қаламрави он қароргоҳи СММ  ҷойгир аст,  сухан скунад.. Суханронии сарони дигар давлатҳо мувофиқи рӯйхат ва тартиб пай дар пай дар маҷлисгоҳ пахш мегардад. Тибқи рӯйхати пешакӣ, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи аввали мубоҳисаҳои умумӣ — 22 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Худи ҳамин рӯз сароини ИМА, Россия, Чин, Франсия, Эрон ва Туркманистон низ дар қатори дигарон суханронӣ мекунанд.

Суханронии президентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Украина 23 сентябр ва суханронии президенти Озарбойҷон 24 сентябр пахш карда мешавад. Тибқи рӯйхати баромадкунандагон, сарони ҳукуматҳои Грузия ва Молдова 25 сентябр ва Вазири корҳои хориҷии Беларус 26 сентябр суханронӣ менамоянд.

Дар арафаи мубоҳисаҳо, 21 сентябр вохӯрии сатҳи баланд бахшида ба 75-умин солгарди СММ баргузор шуд. Илова бар он, дар доираи ҳафтаи сатҳи баланд боз се вохӯрии муҳим ба нақша гирифта шудаанд. 30 сентябр Саммит оид ба гуногунии биологӣ, 1 октябр — ҷаласа бахшида ба 25-солагии Эъломияи Пекин дар бораи ҳимояи ҳуқуқи занон ва 2 октябр – вохӯрӣ оид ба халъи силоҳи ҳастаӣ баргузор мешаванд.

МУ СММ ниҳоди асосии машваратии СММ мебошад. Ба он намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон шомил мебошанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз дорад. Қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳим, аз қабили масъалаҳои сулҳу амният ё қабули аъзои нав аз се ду ҳиссаи овозҳоро талаб мекунанд. Қарорҳо оид ба дигар масъалаҳо бо аксарияти  овозҳо қабул карда мешаванд.

Ассамблеяи Генералӣ ягона ниҳоди умумиҷаҳониест, ки масъули сулҳу амният, рушд, фақр ва решакан кардани бемориҳои сироятӣ, халъи силоҳ, ҳуқуқи инсон ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Соли 1946 Ассамблеяи Генералӣ аз 51 давлат иборат буд ва ҳоло ба  он 193 давлат  шомиланд. Дар охири солҳои чилум рӯзномаи он асосан ба масъалаҳои деколонизатсия бахшида шуда буд.

Дар тӯли 75 сол МУ доираи масъалаҳои муҳокимашавандаро ба таври назаррас васеъ намуд ва ҳоло ба баррасии масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза бар зидди терроризм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ВНМО/БПНМ, ҳифзи ҳуқуқи занон, гурезагон ва муҳоҷирон, маъюбон, мардуми таҳҷоӣ ва кӯдакон, тарғиби принсипҳои асосии демократия ва мубориза бар зидди тағирёбии иқлим машғул аст.

Сентябрь 22, 2020 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод
Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
Раванди амалишавии лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд