Имсол барои таъмири роҳи Душанбе-Чанок беш аз 30 ҳазор тонна асфалт истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими имсола бо харҷи 23 000 тонна асфалт 152519,76 метри мураббаъ роҳи Душанбе-Чанокро таъмир карданд. Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт истифода хоҳад шуд. Тибқи маълумоти дастрасшуда, то ин вақт кормандони «IRS» бо харҷи 22400 тонна асфалт 149519,76 метри мураббаъ роҳро таъмир намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар ин кор саҳми назаррас доранд. Инчунин бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд аз ҷониби филиали ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
«Таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти филиали ширкат аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани кӯчактарин ҳодисаи вайроншавии роҳ пайи рафъи он тадбирҳои бетаъхир андешида мешаванд. Бегуфтугӯ, фаъолияти пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали ширкати мазкур дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии мо нақши муҳим дорад»,-мегӯяд Далери Абдулло
Дар филиали ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, таҷрибаи худро доир ба нигоҳдории роҳ мунтазам такмил дода истодаанд. Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёт дар замони истиқлолият буда, мутахассисон қодиранд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд. Ҳамзамон роҳбарияти ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо сохторҳои дахлдор тавсеа бахшида, тамоми иқдомҳоеро, ки ба ободонии роҳ рабт доранд, дастгирӣ мекунанд.








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






