ИНТИХОБОТ-2020: Чанд саволу ҷавоб доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ монд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК муҳимтарин масъалаҳоро доир ба овоздиҳӣ дар интихоботи мазкур тариқи саволу ҷавоб манзури хонандагон мегардонад.
Савол: Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва аз ҷониби кадом мақомот таъйин карда мешавад?
Ҷавоб: Таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти истисноии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошад. Ҳамин мақомот дар ҷаласаи якҷояи худ дар мавриди на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани рӯзи гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Яъне ин муҳлат аз ду моҳ зиёдтар шуда метавонад, вале набояд аз 2 моҳ кам шавад. Бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардид.
Савол: Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом принсипҳо сурат мегирад?
Ҷавоб: Принсипҳои интихоботӣ, аз ҷумла, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 65) ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардидаанд. Принсипҳои гузаронидани интихобот чунинанд: ҳуқуқи умумии интихобот, овоздиҳии бевосита (мустақиман), иштироки баробар, овоздиҳии пинҳонӣ, озод ва ихтиёрӣ будани интихобот. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. Ягон мақомот ва ё шахс ба изҳори иродаи интихобкунандагон ҳуқуқи назорат кардан надорад.
Савол: Принсипи ҳуқуқи умумии интихобот чиро ифода мекунад?
Ҷавоб: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардан дорад.
Савол: Принсипи ҳуқуқи бевоситаи интихобот чӣ маъно дорад?
Ҷавоб: Моҳияти ин принсип дар он ифода меёбад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд. Онҳо ба участкаҳои интихоботии маҳалли зисташон рафта, бевосита овоз медиҳанд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад. Ба ҷойи дигарон овоз додан манъ аст.
Савол: Принсипи овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот чӣ тавр амалӣ мегардад?
Ҷавоб: Тартиби овоздиҳиро қонунгузорӣ дар бораи интихобот муқаррар менамояд. Овоздиҳӣ бо роҳи пур кардани бюллетени интихоботӣ, ки шакл ва матни он бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, дар участкаҳои интихоботӣ амалӣ мегардад.
Овоздиҳӣ дар участкаҳои интихобот дар кабинаҳои муҷаҳҳази махсус барои овоздиҳии пинҳонӣ бо мавҷуд будани ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ ва қуттиҳои интихоботӣ гузаронида мешавад.
Овоздиҳии пинҳонӣ маънои онро дорад, ки ҳар як интихобкунанда шахсан худаш дар кабинаи алоҳида, дар шароите, ки дигарон имконияти фаҳмидани иродаи ӯро надоранд ва ӯ комилан танҳо аст, тавассути тартиби муайяншуда бюллетени интихоботро пур карда, мавқеашро муайян мекунад. Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон ва овоздиҳии дигарон, новобаста аз хешутаборӣ, ба ҷойи ӯ манъ аст.
Савол: Бо риояи кадом талабот шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданро дорад?
Ҷавоб: Дар моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот нисбат ба номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Аз рӯи ин меъёри Конститутсия шахсе номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.
Савол: Кадом номзад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда эълон мегардад?
Ҷавоб: Номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб мешавад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд (моддаи 66 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Савол: Низоми комиссияҳои интихобот дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд:
— Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Савол: Тартиби интихоб ва ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр муайян шудааст?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳайати 7 нафар: раис, муовин ва 5 нафар аъзо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
Савол: Ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом мақом таъсис медиҳад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 68 ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Рӯйхати 68 ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо ва шумораи интихобкунандагонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 50 рӯз пеш аз интихобот дар сомонааш ва яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мекунад.
Савол: Комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом тартиб ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ комиссияи ҳавзавии интихоботро бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 68 шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил менамояд. Яъне ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҳафт нафар кам шуда наметавонад. Ҳайати ниҳоии комиссияи ҳавзавӣ муқаррар нашудааст.
Савол: Участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва аз ҷониби кадом мақом ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: 68 комиссияҳои ҳавзавӣ дар ҳудуди худ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд. Шумораи интихобкунандагон дар як участка вобаста аз мавқеи ҷойгиршавӣ аз 20 то 3000 нафарро ташкил дода метавонад.
Савол: Тартиби ташкили участкаҳои интихоботии берун аз мамлакат чӣ тавр амалӣ карда мешавад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои интихобот ташкил мекунад. Дар ин маврид талабот оид ба шумораи интихобкунандагон ва ҳудуд ба инобат гирифта намешавад. Вазифаҳои раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагӣ дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Савол: Рӯйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом тартиб анҷом дода мешавад?
Ҷавоб: Тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар ҳудуди участкаҳои дахлдор ба ӯҳдаи комиссияҳои участкавии интихобот вогузор карда шудааст. Пас аз ташкил шудани комиссияи участкавии интихобот дар муддати на камтар аз 15 рӯз рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ тартиб дода мешавад. Асоси ин рӯйхатро маълумотномаи пешниҳодкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷойи истиқомати шаҳрвандон ташкил медиҳад. Дар рӯйхати интихобкунандагон насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд (агар 18 – сола бошад, рӯз ва моҳи таваллуд) ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад. Ҳамин рӯйхатро раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ менамоянд ва он дар девори участкаи интихоботӣ барои шиносоии умум овезон карда мешавад.
Савол: Ба рӯйхати интихобкунандагон кадом шаҳрвандон дохил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷуд будани далелҳои муайян дохил карда мешаванд. Аввал онҳое, ки то рӯзи интихобот 18-сола шудаанду ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд.
Дуюм, барои дохил намудан ба рӯйхати интихобкунандагон зиндагӣ кардан дар маҳалли истиқомати муайян зарур аст. Аз ин рӯ барои ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардани шаҳрванд, ӯ бояд ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи интихоботии дахлдор доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ дошта бошад.
Бояд ёдрас шавем, ки қонун ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо шаҳрванд ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надорад. Аз ҷумла, шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд. Аз ин рӯ чунин шаҳрвандон ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда намешаванд.
Савол: Қонунгузор барои пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом субъектҳо ҳуқуқ додааст?
Ҷавоб: Қонунгузор ба ҳафт ҳизби сиёсӣ (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон), ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳояшон аз рӯи оинномаи онҳо, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин ба Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пешбарӣ кардани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ додааст.
Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Дар мавриде, ки пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад, он гоҳ қарори дахлдор бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи ин Маҷлисҳо қабул карда мешавад.
Ҷаласаи Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба пешбарӣ кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иштирок намудани аз се ду ҳиссаи шумораи умумии намояндагони интихобшуда салоҳият дорад. Ҷаласаи Маҷлиси намояндагони вакилони маҷлисҳои зикргардида мувофиқи тартибе, ки барои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳия муқаррар шудааст, гузаронида мешавад.
Дар ин маврид қарор бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад.
Савол: Тартиби ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна аст?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи қонунгузории интихобот, танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби субъектҳои қонуни конститутсионӣ муайян карда, ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешниҳод гардидааст, бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ ёбад. Тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандони ҳуқуқи интихоботдошта ба тарафдории номзади пешбаришаванда, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Савол: Оё шумораи пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад?
Ҷавоб: Қонунгузор дар ин масъала ягон монеа пешбинӣ накардааст. Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда намешавад.
Савол: Қонунгузории интихобот тартиби худпешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст?
Ҷавоб: Дар фарқият аз интихоботи парламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби аз ҷониби шаҳрванди дорои ҳуқуқи интихобот худпешбарии номзадро пешбинӣ накардааст.
Савол: Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кадом мақом ва бо кадом тартиб муайян карда шудааст?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад. Бақайдгирии номзадҳо дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад. Ин муҳлат вобаста аз таъини рӯзи интихобот мушаххас ҳисоб карда мешавад.
Савол: Шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо шуда метавонанд ва дорои кадом ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошанд?
Ҷавоб: Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад. Шахси боэътимод шудан ё нашудан аз иродаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Аз рӯи қоидаи умумӣ розигии шахси боэътимод дар ин хусус бояд ҷой дошта бошад.
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро ба сифати шахси боэътимод пешниҳод мекунад, ки онҳо дорои ҳуқуқи интихоботӣ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Савол: Қонунгузор оғоз ва хатми овоздиҳиро чӣ тавр муайян кардааст? Дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ кай хабар карда мешавад?
Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад.
Савол: Оё ба ҷойи дигар шахс овоз додан мумкин аст?
Ҷавоб: Ҳаргиз не. Ба ҷойи шахси дигар ( новобаста ба аъзои оила, хешу табор будан) овоз додан манъ аст. Ҳар як овоздиҳанда бояд шахсан овоз диҳад.
Савол: Комиссияи участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро ба интихобкунанда дар кадом асос ва бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат медиҳад?
Ҷавоб: Комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, корти идентификатсионӣ, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, билети донишҷӯӣ ва ҳарбӣ ба интихобкунанда бюллетени интихоботиро медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботиро гирифта дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад. Аз ҷониби аъзои комиссия ба интихобкунанда додани бюллетенҳои иловагӣ манъ аст.
Савол: Пур кардани бюллетен дар кабинаи овоздиҳӣ бо кадом тартиб анҷом дода мешавад?
Ҷавоб: Ҳангоми пур кардани бюллетен дар кабинаи овоздиҳӣ ғайр аз овоздиҳанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро аз рӯи вазъи саломатӣ ба монанди пиронсолӣ, камбудиҳои ҷисмонӣ, набудани савод ва монанди он мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ ба кабинаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ба истиснои аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма (сармуҳаррир, муҳаррир, журналисти рӯзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, агентии иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио) даъват намояд.
Савол: Интихобкунанда ҳуқуқи ба тарафдории чанд номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданро дорад?
Ҷавоб: Интихобкунанда ҳуқуқ дорад танҳо ба тарафдории як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳад.
Иродаи овоздиҳанда аз пур кардани бюллетени интихоботӣ муайян мегардад.
Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ (+) мегузорад.
Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ (+) мегузорад.
Дар ҳарду ҳолати номбурда иродаи овоздиҳанда муайян аст ва бюллетенҳо эътибор доранд. Бюллетенҳое, ки дар онҳо ҳангоми овоздиҳӣ аломати ҷамъ (+) нисбати насабҳои зиёда аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар ин маврид чунин овоз ба ягон номзад дахлдошта ҳисобида намешавад. Дар ҳар ҳолат интихобкунанда бюллетени пуркардаашро ба қуттии интихобот мепартояд.