ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Намояндагии нозирони ИДМ ба мониторинги маъракаи интихоботӣ шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди он 21 сентябр ба мониторинги маъракаи интихобот шурӯъ намуд,- хабар доданд ба АМИТ Ховар аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи мушоҳидаи интихоботи президентӣ мулоқоти нозирони доимии ИДМ бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси КМИР дар бораи ҷараёни маъракаи интихоботӣ, инчунин оид ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати омодагӣ ба интихобот муфассал сухан гуфт. Вай зикр кард, ки барои иштирокчиёни раванди интихобот беш аз бист тавсияҳою дастурҳои методӣ таҳия шудаанд, омӯзиши мутахассисоне, ки аъзои комиссияҳои участкавии интихоботиро омӯзиш медиҳанд, анҷом ёфта, дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ оид ба шарҳу тафсири қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ кор бурда мешавад.
Дар навбати худ нозирони ИДМ дар бораи принсипҳои фаъолияти Намояндагӣ ва тартиби ташкили кори он маълумот доданд. Таъкид шуд, ки фаъолияти Намояндагӣ дар асоси асноди дар Иттиҳод қабулшуда дар бораи тартиби назорати байналмилалии интихобот сурат мегирад. Дар айни замон нозирони ИДМ ба ин назаранд, ки интихобот кори дохилии давлат аст ва вазифаи Намояндагӣ — расонидани кумак ба ташкилкунандагони интихобот дар кори гузаронидани маъракаи интихобот мутобиқи қонунгузории миллӣ мебошад.
Намояндагии нозирони ИДМ дар бораи натиҷаи фаъолияти худ иттилоъ хоҳад дод.
АКС аз бойгонӣ