ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Вохӯрии навбатии номзадҳо бо зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт

Сентябрь 19, 2020 17:02

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд. Аз ҷумла таъкид кард, ки таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Мироҷ Абдуллоев, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Дар охири вохӯриҳо зикр гардид, ки Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли равон таъин шудааст ва ба ҳозирин расонида шуд, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ зарур ва овози ҳар яки онҳо ҳалкунанда ҳаст.

Сентябрь 19, 2020 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон