Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар хоҷагиҳои чорводориву парандапарварии Суғд афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20.09.2020. /АМИТ Ховар/. Ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд 29208,1 тоннаро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯшт дар ин давра дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Гулистон 10,4 баробар, Б.Ғафуров 1,6 баробар, Хуҷанд 8,9 фоиз, Зафаробод 15,8 фоиз, Истаравшан 11,4 фоиз ва Деваштич 7,4 фоиз зиёд гардидааст.
Тавре дар Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамзамон дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 174827,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 сентябри соли 2019 0,7 фоиз зиёд гардидааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,4 фоизро ташкил менамояд.
Инчунин истеҳсоли тухм низ дар ин давра ба миқдори 380057,2 ҳазор дона ё 1,5 баробар зиёд гардида, нақшаи истеҳсол дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 2,5 баробар, Гулистон–2,1 баробар, Конибодом–1,9 баробар, Мастчоҳ–1,8 баробар, Б.Ғафуров-1,6 баробар зиёд иҷро гардидааст.
Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7106 сар гӯсола гирифта шудааст, ки ба 103,3 фоиз баробар аст. Афзоиш бештар дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б. Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод ва Истаравшан дида мешавад.
Ҳамзамон ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 85 458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта 4,1 фоиз афзудааст. Нишондиҳандаҳо дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳ, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод зиёд мебошанд.
ДАР АКС: 14 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дидан намуданд. Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






