«Истиқлол» се давр пеш аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон ба таври расмӣ унвони чемпионӣ ба даст овард

Сентябрь 21, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 21.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат  бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин давр 19 сентябр дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе, «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо КМВА, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 20 сентябр «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ  байни ҳам рақобат  рақобат карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе се давр пеш то хотимаи Чемпионати Тоҷикистон ба таври расмӣ унвони чемпионӣ  ба даст овард. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври 16-уми Лигаи олӣ дар сафар бо дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бозӣ кард ва вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол» бо шарофати ин мусовӣ маротибаи 9-ум дар тӯли таърихи хеш барандаи медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки даста қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медали тиллои Лигаи олиро ба хазинаи дастовардҳояш шомил намуда буд.

Дар доираи даври 16-уми Лигаи олӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи  «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардида, бо ҳисоби калони  4:0 ба фоидаи дастаи «Истаравшан» ба охир расид. Дар ин бозӣ ҳамлавари дастаи мизбон Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 22, 65 ва 71 ба дарвозаи   дастаи  «Регар ТадАЗ» гол зад, голи 4-умро футболбози дигари дастаи «Истаравшан» – Абдураҳмон Қурбонов вориди тӯри дарвозаи рақибон намуда, ҳисобро 4:0 сохт ва бо ҳамин натиҷа дастаи футболи  «Истаравшан» и шаҳри Истаравшан ғолиб гардид. Дар идомаи бозиҳои  даври 16-уми Лигаи олии футболи мамлакат дастаи футболи  «Локомотив-Помир» бо дастаи КМВА дар Варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии худро баргузор намуданд. Рақобати дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе анҷом пазируфт.  Дар бози дигари ин давр  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз дастаи  «Кӯктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби  1:2 мағлуб шуд.

Дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳия Восеъ ва «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 16-уми сабқат футболбози дастаи «Душанбе 83» – Люк Менҷана Леонел боз намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба охир расид ва дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 72-юм футболбозони дастаи меҳмон қоидаи бозиро дар ҷаримагоҳи худ вайрон намуданд ва довар ҷониби дарвозаи онҳо пеналтӣ таъйин кард. Аз ин вазъият футболбози дастаи «Файзканд» Шарафҷон Солеҳов самаранок истифода бурда, тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон ва ҳисоби бозиро 1:1 мусовӣ намуд. Рақобати дастаҳо бо ҳамин натиҷа хотима ёфт ва ҳарду даста соҳиби якимтиёзӣ гардиданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

Голҳо: Илҳом Баротов, 22 (1:0). Илҳом Баротов, 65 (2:0). Илҳом Баротов, 71 (3:0). Абдураҳмон Қурбонов, 87 (4:0).

«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1

Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 16 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – пеналти (1:1).

 «Локомотив-Помир» – КМВА – 3:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 31 –пеналти (0:1). Азизбек Ҳасанов, 56 (1:1). Озодбек Панҷиев, 60 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 69 (2:2). Манучеҳр Сафаров, 87 (3:2).

 «Хатлон» — «Истиқлол» — 1:1

Голҳо: Рустам Соиров, 45+2 (0:1). Кароматулло Саидов 47 пеналти (1:1).

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Тоҳир Малодустов, 37 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 49 (1:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 56 – аз пеналти (1:2).

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 26-27 сентябр баргузор мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 15 13 2 0 58-8 41
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 9 2 4 24-18 29
3 «Хатлон» (Бохтар) 15 6 6 3 24-20 24
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 6 5 4 23-19 23
5 КМВА (Душанбе) 15 5 5 5 23-23 20
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 15 4 5 6 17-24 17
7 «Файзканд» (Восеъ) 15 3 7 5 14-25 16
8 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 15 3 4 8 14-24 13
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 3 3 9 21-33 12
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 15 2 3 10 17-41 9

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол») – 8 тӯб.

Даври 17-ум

26 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд»

«Кӯктош» – «Истаравшан»

27 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Хатлон» – «Хуҷанд»

КМВА – «Истиқлол»

Сентябрь 21, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо бозӣ ба муқобили тими Уммон оғоз мекунад
Дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-такси» ғолиби мусобиқаи футзал ба поси хотири Александр Кирсанов шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машқҳои дастҷамъиро дар Туркия ҷамъбаст намуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон ба он омодагӣ мебинад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таъмир мегардад
Масрур Ғафуров бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шартномаи сесола ба имзо расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад
Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шурои олимпии Осиё баррасӣ шуд
ҶОМИ ФФТ-2025. «Истиқлол» дар бозии аввал аз дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор мағлуб гардид
Варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби 167 медал шуданд