Канали обрасон ва агрегатҳои НБО-и «Хоруғ» таъмир ва ба зимистон омода мешаванд
ХОРУҒ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Канали обрасони Неругоҳи барқии обии «Хоруғ»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади аз байн бурдани талафоти об ва эмин нигоҳ доштани хонаҳои наздик ба он аз намӣ мавриди таъмир қарор дода шуд.
Таъмири каналро яке аз ширкатҳои бонуфузи Германия- «Пенатрон» ҳамроҳ бо шарикони тоҷикистони худ аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Таъмир ва ҳимоя аз бетон» бар уҳда гирифтаанд. Бо истифода аз фурсат кормандони техникии Неругоҳи барқии обии «Хоруғ» агрегату дигар механизмҳои зарурӣ ва ёридиҳандаро низ таъмир ва ба зимистон омода мекунанд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят иттилоъ медиҳад, сохтмони ин канали обрасонӣ охири солҳои шастуми асри гузашта ба итмом расид ва соли 1970 Неругоҳи барқии обии «Хоруғ» ба тавлиди неруи барқ бо тавоноии 9 мегаватт оғоз кард. Давоми ним аср бар асари зилзила ва сангчарх дар ин канал рахнаву сӯрохиҳо пайдо шуда, ба талафоти об оварда расонданд. Дар натиҷа иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ низ коҳиш меёфт.
Сармуҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Таъмир ва ҳимоя аз бетон» Мирзомуддин Ашӯров гуфт, ки «коргарони мо ҳангоми таъмир аз масолеҳи сохтмонии немисӣ, ки хеле хушсифат аст, истифода мебаранд. Мо кафолат медиҳем, ки пас аз таъмир дигар ягон қатра оби ин канал талаф нахоҳад ёфт. Коргарони ин ширкат ҳангоми корҳои таъмиру тармим дар неругоҳҳои бузурги «Роғун», «Норак» ва «Қайроққум» фаъолияти содиқонаи худро борҳо собит намудаанд».
Муҳандиси Неругоҳи барқии обии «Хоруғ» Ҳоким Амирбеков гуфт, ки “ҳаҷми оби канали мазкур 21 метри кубӣ аст ва ин миқдор об барои истеҳсоли 9 мегаватт неруи барқ пешбинӣ шудааст. Аммо бар асари сӯрохиҳое, ки дар чанд даҳсолаи охир пайдо шуданд, як қисми об талаф меёбад. Аммо муҳимтар аз ин обе, ки аз сӯрохиҳо берун мешавад, вориди манзили сокинони маҳалла шуда, намии аз ҳад зиёд ба вуҷуд меорад ва ба саломатии онҳо зиён мерасонад”.
Ба андешаи муҳандиси НБО «Хоруғ», таъмири канали обрасон ба тавлид ва интиқоли неруи барқ барои муштариён таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара тавассути Неругоҳи барқии обии «Помир-1» 24 соат бо неруи барқ таъмин мешаванд.
Ба гуфтаи Ҳоким Амирбеков, бо истифода аз фурсат давоми ду ҳафта агрегат ва дигар механизмҳои ёридиҳандаи Неругоҳи барқии обии «Хоруғ» низ пурра таъмир ва ба зимистон омода мегарданд.
Неругоҳи барқии обии «Хоруғ» агарчи 50 сол пеш сохта шудааст, аммо тӯли чанд даҳсолаи охир пурра навсозӣ гардид. Он ҳоло баробари НБО «Помир-1» дар чаҳор фасли сол бе танаффус сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо неруи хушсифати барқ таъмин мекунад.








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






