Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд

Сентябрь 28, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Точикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода рӯзи истироҳат якдилона ба ҷамъоварии ҳосил баромада, ба саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Комёр»-и шаҳри Ваҳдат кумаки амалӣ расониданд. Дар замини пахтазори хоҷагӣ, ки 5,5 гектарро ташкил медиҳад, ҳосил хеле фаровон буда, бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ кишоварзон талош доранд онро пурра ҷамъоварӣ намуда, фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст биёранд. Роҳбарони Кумитаи давлатӣ, сардорони сарраёсату раёсат, шуъбаву бахшҳо ва мутахассисон фаъолона дар ин тадбир иштирок намуданд.

Ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарият ва кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодеиро масъулини хоҷагии деҳқонии «Комёр»-и шаҳри Ваҳдат хеле хуш истиқбол намуданд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дар ин мавсим ҳар соат барои ҷамъоварии ҳосил муҳим аст. Дар сурати ҳамовозӣ пайдо намудани ин тадбир имкон фароҳам мешавад, ки хоҷагидорон зимни ҷамъоварии ҳосил ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.
Дар маҷмӯъ, рӯзи ҳашар аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатӣ 1 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардида, онҳое ки пахтаи бештар ҷамъоварӣ намудаанд, ҳамчун иштирокчии фаъол аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

 

Сентябрь 28, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад