«Корвони китоб-2020» ба вилояти Суғд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи китоб ва 29-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ба шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафар намуд. Ин кӯлвори китоб 210 номгӯй китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, луғатҳо, осори илмӣ-пажӯҳишӣ, адабиёти кӯдакона бо теъдоди 2270 нусха, 50 номгӯй дастурҳои библиографӣ бо теъдоди 2560 нусхаро фаро гирифтааст, ки ба тамоми муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд тақдим мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазорати фарҳанги мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакатро бо китоб ва дастуру феҳрастҳои библиографӣ таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 4 сентябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 13 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».








РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад






