Кумитаи андоз ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонид

Сентябрь 12, 2020 11:15

ВОСЕЪ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расониданд.

Кумитаи андоз  сарпарастии Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ»-ро ба уҳда дошта, роҳбарияти он дар арафаи ҳар ҷашн ба ин муассиса пайваста ёрӣ  мерасонад. Онҳо ин навбат барои бошандагони муассисаи мазкур дастурхони идона кушода, ба онҳо либосу дигар ашёи зарурӣ тақдим карданд.

Тавре корманди Кумитаи андоз Акбар Ҳалимхонов иттилоъ дод, «мо  ҳамасола  ба Муассисаи  давлатии «Хона- интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонида, аз аҳволи бошандагони  он хабардор мешавем. Дар оянда низ тасмим гирифтаем, ки онҳоро бо либос ва маводи хӯрокӣ таъмин намоем, чунки онҳо ба кумак бештар ниёз доранд».

Дар муассисаи мазкур 240 нафар беморон табобат мегиранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани шароити буду бош ва саломатии онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Айни замон биноҳои муассиса таъмир карда шуда, бо рахти хобу дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Сентябрь 12, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд