Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ба имзо расид

Сентябрь 27, 2020 19:09

ДУШАНБЕ, 27.09.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи ҳайати намояндагони илму фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва шуъбаи Навоии Академияи илмҳои Ӯзбекистон (АИӮ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ба имзо расид.

Ба имзо расидани Ёддошти мазкур  дар соҳаи илм санади нахустини густариши ҳамкории илмии Тоҷикистону Ӯзбекистон набуда, балки миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва дигар сохторҳои АИӮ аллакай 2 созишномаи  дигари ҳамкорӣ (бо Институти геология ва геофизика АИӮ (2019) ва Институти сейсмологияи АИӮ (2020) ) ба имзо расидаанд.

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Пулод Аминзода иброз дошт, ки «ҳадаф аз имзо намудани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм бо шуъбаи Навоии АИӮ- ин зиёд намудани теъдоди созишномаҳои ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, омода намудани мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи соҳа дар асоси табодули таҷриба, шинос шудан бо технологияи муосири шуъбаи Навоии АИӮ ва азхудкунии таҷрибаи Ӯзбекистон дар омӯзиш ва коркарди канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад».

Ҳамчунин ноиби Президенти АИӮ, раиси шуъбаи Навоии АИӮ, муовини директори генералии комбинати кӯҳӣ-металлургии Навоӣ оид ба илм Абдураззоқ Мирзоев зимни муаррифии фаъолияти шуъбаи Навоии АИӮ доир ба ҳамкории самарабахши доираҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки «ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва шуъбаи Навоии АИӮ имкон медиҳад, ки миёни ин сохторҳои илмӣ табодули таҷриба сурат гирифта, корҳои зиёди таҳқиқотӣ дар соҳаи илм сурат гиранд. Ба имзо расидани ин Ёддошт имконият медиҳад, ки дар истифодаи технология табодули таҷриба намоем. Дар баробари ин мо имкон пайдо мекунем, ки вазъи геологии Тоҷикистон ва дар навбати худ, намояндагони илмии Тоҷикистон низ вазъи геологии Ӯзбекистонро омӯхта, дар якҷоягӣ мутахассисони ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ омода намоем, зеро геология бояд ба инсонҳо хизмат расонад».

Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони АМИТ ва АИӮ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илм пешниҳодҳои судманд баён гардиданд, ки солҳои минбаъда амалӣ мегарданд.

Тавре ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «давоми се соли охир якчанд чорабиниҳои илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  сурат гирифтанд. Маҳз самараи чунин ҳамкории илмӣ буд, ки соли 2019 як гурӯҳ директорони институтҳои АМИТ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, аз муассисаҳои илмии ҷумҳурии бо мо дӯст дидан намуданд. Тӯли се соли охир дар муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон як марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардида, дар ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкории тоза ба вуқӯъ пайваста, тамоми ин ҳамкорӣ ба соҳаи илм ва фарҳанги ду мамлакат низ марбут мебошад».

Ёдовар мешавем, ки дар баробари ба имзо расидани якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илм миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  инчунин дар омода намудани «Девони Рӯдакӣ» ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, китоби ашъори Алишери Навоӣ  бо номи «Чашмаи хирад» ва маҷмӯаи ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бо номи «Гулбоғи ошноӣ» саҳм гузоштаанд. Ин асарҳо ҳамчун мероси ниёгони мардумони тоҷику ӯзбек барои боз  ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои илмию фарҳангии ду давлат аҳамияти муҳим доранд.

Сентябрь 27, 2020 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст