Мушоҳидони байналмилалӣ аз участкаи интихоботии №1, Ҳавзаи интихоботии Данғара №54 дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидони байналмилалӣ таҳти роҳбарии намоянда аз ИДМ Галькевич Петр Викторович аз Ҳавзаи интихоботии Данғара, №54 ва участкаи интихоботии №1, воқеъ дар бинои Донишгоҳи давлатии Данғара дидан намуданд. Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Меҳмононро роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қабул намуда, вобаста ба фаъолияти ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар ноҳияи мазкур ба мушоҳидон маълумот доданд.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар баробари дидани шароиту имконоти мавҷуда дар участкаҳои интихоботии ноҳия, аз ҷумла ба участкаи интихоботии №1, Ҳавзаи интихоботии Данғара, №54 ташриф оварда, бо низоми ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бунгоҳи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар корҳои омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ҳамин замина мушоҳидони байналмилалӣ вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби кор дар участкаи интихоботии №1, Ҳавзаи интихоботии Данғара, №54 баҳои сазовор дода, изҳор доштанд, ки дар чунин шароит, албатта, интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.
Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарони Донишгоҳи давлатии Данғара вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, муташаккилона идома доранд. Дар ҳамин замина нозирони байналмилалӣ аз ҷараёни омодагиҳо дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ назорат мебаранд.