Намояндагони КМИР бо мушоҳидони байналмилалӣ оид ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябри соли 2020 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба муқаррароти қонунгузории интихоботии мамлакат, низоми интихоботӣ, вазифаҳои комиссияҳои интихоботӣ ва нақши мушоҳидони байналмилалию миллӣ дар раванди интихобот мубодилаи афкор намуданд.
Ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ оид ба арзёбии интихобот аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА фаъолияти худро ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Бояд гуфт, ки омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, бомаром идома доранд. Бо мақсади шаффоф, ошкоро ва демократӣ гузаштани интихобот, инчунин мушоҳидаи раванди он ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ аз хориҷи мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда истодаанд.