Пешвои миллат: «475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 хонавода бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд»
ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ зикр намуданд, ки «Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, ҳоло барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони 10 хона ва дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои дуошёнаи дорои 24 ҳуҷра идома дорад».
Президенти мамлакат ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбии гвардия, ки паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомии мамлакат дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдорӣ намуданд.
«Хизмати содиқонаи афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ гардида, то имрӯз 300 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва 13 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






