Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Ашт дидан карданд

Сентябрь 15, 2020 11:07

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт аз Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандон дидан намуданд. 

Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия қариб 40 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, ба таври густурда муаррифӣ карданд.

Кишоварзони ноҳияи Ашт дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Дар ноҳияи Ашт зиёда аз 6000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникии замин кишту парвариш гардидааст, ба таври васеъ муаррифӣ гардид.

Аснои боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ашт  297 миллион сомониро ташкил додааст,  ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони ноҳия дар самти пухтани анвои гуногуни нон, аз ҷумла қалама, фатир ва кулча  муаррифӣ  гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории  ноҳияи Ашт зиёда аз 5400 тонна ғалладона, 3690 тонна картошка, 5277 тонна сабзавот, 26656 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.

Ашт яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу дар мамлакат буда, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи лазизу содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.

Майдони боғҳо дар ноҳияи Ашт зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 12 гектараш интенсивӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти мавҷуда дар ин самт, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва содирот ба хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ноҳияи Ашт бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” ду сардхона бо имкони ғунҷоиши  2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода шудааст.

Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар ноҳия таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.

Ҳунармандони ноҳия дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои  миллӣ саҳм гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он ҳунари оҳангарӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва маҳсулоти аз пашми буз омодагардида муаррифӣ гардид, барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.

Сокинони ноҳияи Ашт ба чорводорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамасола истеҳсоли гӯшту шир ва пашмро зиёд мекунанд.

Дар ноҳия Муассисаи хоҷагии “Зотпарварӣ” ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов фаъолият дорад, ки дар он 10 ҳазор сар бузҳои серпашм парвариш карда мешаванд.

Дар гӯшаи намоишгоҳ бузҳои серпашм, ки асосан барои истеҳсоли пашм парвариш карда мешаванд, ба маъраз гузошта шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иқлими ноҳияи Ашт барои парвариш ва зиёд кардани саршумори ин навъи буз хеле мувофиқ буда, хоҷагидорон дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт аз имконоти фароҳамгардида ҳамаҷониба истифода мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи кишоварзону чорводорони ноҳияи Аштро дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва ашёи хом барои ҳунармандону корхонаҳои саноатии мамлакат шоистаи таҳсин хонданд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир, пашм, анвои гуногуни мева ва полезиҳо дар ноҳияи Ашт ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, барои истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Ашт 15.09.2020

Сентябрь 15, 2020 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода инвест» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд