Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.
Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.
Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ки ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдакони хуштолеи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ маънидод карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон” иҷро гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ аз 8 утоқ барои гузаронидани дарс ва машғулият, 6 утоқи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушӯйӣ, инчунин толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, аёнияти дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд. Дар дохили кӯдакистон ҳавзи замонавии шиноварӣ низ сохта шудааст, ки яке аз бартариятҳои муассиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ҷиҳати ба кор ҷалб кардани мураббияҳои соҳибихтисосу дорои маҳорату малакаи баланди муошират бо кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли ояндаи миллат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин муассисаи хусусии томактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо бунёди бинои нави кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба 12 адад расида, қариб 2 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Соҳибкорони баору номус ва боҳиммати ноҳияи Мастчоҳ сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати сайру гашт ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани кӯдакон майдончаи замонавӣ, ки бо таҷҳизоти нави дилхушкунанда муҷаҳҳаз гардидааст, мавҷуд аст.
Бо мақсади сабзу хуррам гардондани саҳн ва атрофи бинои навбунёди кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд.
Гузоштани нишастгоҳҳои замонавӣ ва айвончаҳо дар саҳни ҳавлии муассиса имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон фориғ аз таълим истироҳати худро комил гардонанд.









Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид






