Президенти ФИФА «Истиқлол»-ро бо унвони чемпионӣ табрик намуд!
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пеш аз муҳлат чемпион шудани дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон-2020 ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи табрикотӣ ирсол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.
Дар номаи Ҷ. Инфантино, ки 23 сентябри соли 2020 ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол гардид, чунин омадааст:
«Муҳтарам Президент!
Иҷозат диҳед дастаи футболи «Истиқлол»-ро барои чемпион шудан дар мавсими соли 2020, ки ҳафтумин унвони чемпионии пай дар пайи он мебошад, табрик намоям.
Ин унвон, бешак, натиҷаи меҳнати шабонарӯзӣ, шавқ ва садоқат ба кори худ аст. Ҳама ҳайати даста метавонанд аз ин дастоварди муҳим ифтихор намоянд. Мамнун мебудам, агар табрикоти маро ба ҳама, ки онҳоро барои дар оянда низ идома додани чунин азму талош даъват менамоям, мерасондед.
Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи ҷомеаи байналмилалии футбол ба Шумо ва Федератсияи Шумо барои рушду нумӯи футбол дар Тоҷикистон, дар минтақаатон ва дар саросари ҷаҳон изҳори сипос менамоям. Бесаброна мунтазири мулоқот бо шумо дар ояндаи наздик ҳастам.
Бо эҳтироми самимӣ —
Ҷанни Инфантино».
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз муҳлат, се давр қабл аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мавсими 2020 чемпиони Тоҷикистон гардид.
«Истиқлол» аллакай 12 имтиёз аз дастаи «Хуҷанд», ки дар ҷадвали мусобиқа бо 29 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад, пеш аст. Дар маҷмӯъ, «Истиқлол» 41 имтиёз дорад. Ҳамин тавр, ҳатто агар дар ҳамаи се бозии боқимонда дастаи «Хуҷанд» ғолиб ояд ҳам, наметавонад имтиёзҳояшро бо «Истиқлол» баробар кунад.
Дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо 24 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.
«Истиқлол» аз соли 2010 инҷониб бори нуҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол гардид.
АКСҲО аз сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол»










БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






