Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона ва маркази ҳунарҳои мардумии «Шарора»-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 23, 2020 17:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад.

Он аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Барои кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи навбунёд 30 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардиданд.

Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонии он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонуи соҳибкор барои бунёди меҳмонхонаи муосир дар шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, иқдоми ин бонуи ташаббускори ватандӯстро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Меҳмонхонаи “Шарора” бо мақсади мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст.

Минбаъд сайёҳони дохилию хориҷӣ имкони бештари дастрасӣ ба ҷойи хоб ва хизматрасониро пайдо менамоянд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи мазкур ба меҳмонону сайёҳон шароити арзанда фароҳам гардид.

Ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст.

Дар ошёнаи аввали меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ маркази “Дунёи ҳунар” таъсис ёфтааст, ки дар он намоиш ва фурӯши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо ташкил гардидааст.

Дар ин ҷо гӯшаҳои алоҳида, аз қабили созҳои миллии дутор, дафу доира, най, маснуоти заргарӣ, матоъҳои гулбаст, либосҳои миллӣ, санъати рассомӣ, тоқидӯзӣ, нигораҳо дар чӯб, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ ва сандуқсозӣ, ки ҳамагӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи шаҳри бостонии Кӯлоб мебошанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб тайи солҳои охир бештар гардида, ҳунармандон мероси аҷдодиро бо риояи унсурҳои миллӣ равнақ мебахшанд.

Ҳамчунин дар меҳмонхона қаҳвахона мавҷуд аст, ки дар он барои меҳмонон ва сайёҳон ғизоҳои гарму болаззат омода ва пешниҳод гардида, бо сатҳи баланд хизмат расонида мешавад.

Саҳн ва атрофи меҳмонхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст. Шабона намои берунаи бинои меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.

Ба истифода додани бинои меҳмонхона ва маркази ҳунарҳои мардумии “Шарора” дар шаҳри Кӯлоб 23.09.2020

Сентябрь 23, 2020 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин