Сардори Раёсати САҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода: «Мақоми модар ва зан дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст»

Сентябрь 8, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба шинохти чеҳраи иҷтимоию сиёсии падару модарон ва масъулияти онҳо нисбат ба тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллатанд, мусоидат намуд. Нақши оилаи солим дар ҷомеа хеле муҳим аст, чунки танҳо оилаи солим метавонад дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак кунад. Ин матлабро сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Дар зер матни пурраи  андешаҳои  номбурдаро дар бораи нақши оилаи солим дар истиқлолияти миллӣ манзури хонандагон мегардонем:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш 24 майи соли 2007 дар ҷаласаи ҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойин ва анъанаву маросими динӣ, махсусан таъкид намуданд, ки «вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад».

Дар ҳақиқат фақат оила метавонад, ки ба аҳли хонавода забон, таъриху фарҳанг, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносӣ таълим диҳад. Зеро аз хурдсолӣ танҳо падару модар дар вуҷуди фарзанд метавонад худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватани хешро ҷо кунад. Надоштани ҳувияти миллӣ аз надоштани шахсият ва бенажодии инсон гувоҳӣ медиҳад.

Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки «дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасонад. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, зеро дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мақоми модар ва зан на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст. Модарон буданд, ки бо ҳисси волои ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандону оилаҳои худро муттаҳид сохта, барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ бар зидди ҳар гуна гурӯҳҳои мухталиф мубориза бурданд.

Имрӯз низ занону модарони тоҷик пайгири масоили муҳими рӯз буда, барои солимии оила, тарбияи дурусти фарзандон  ва ояндаи дурахшони онҳо талош менамоянд. Фарзандонеро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд тарбия менамоянд, ки барои ваҳдату ҳифзи истиқлоли миллӣ дар замони муосир бо афкори илмию фарҳангӣ ва нигоҳи нав баҳри расидан ба марому мақсади нек кӯшиш менамоянд.

Муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ   ба ифтихори Рӯзи Модар, 7 марти соли 2016  дар хусуси арзишҳои фарҳанги оиладорӣ чунин ибрози назар карданд: «… миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд».

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд. Ин санадҳои қабулгардида ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд.

Дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонда шуданд.

Кодекси оила меъёрҳои муҳимро, ки қаблан дар қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос карда, дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард.

Падидаи муҳиме, ки дар замони нав қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, таҳкими зиминаҳои оилаҳои солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии панҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 23 январи соли 2015 ба ин масъала аҳамияти махсус доданд: «Яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд». Ҳамчунин Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки аз рӯи никоҳҳои хешутабории наздик фарзандони маъюб  таваллуд мешаванд ва дар ин маврид  иброз доштанд, ки донишмандони соҳа сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб  дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд.

Бо мақсади ташкили оилаҳои солим, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тавлид ва ба воя расидани фарзандони солим ва умуман барои ҳалли мушкилии ҷойдошта дар ин самт ба моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид шуда, тибқи он аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани шахсони издивоҷкунанда пеш аз бастани ақди никоҳ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон пешбинӣ гардид.

Ҳамчунин дар Кодекси оила бо мақсади пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳҳои хешовандони наздик, бастани ақди никоҳ байни хешовандон, аз ҷумла, байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд. Хушбахтона, иқдоми навбатӣ, ки барои солимии ҷомеа нигаронида шудааст, низ самараи нек ба бор оварда истодааст. Танҳо оилаи солим метавонад насли солим, фарзанди солеҳу боодобу дорои ахлоқи ҳамида ба дунё орад.

Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии  маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид

Занони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди анҷоми корҳои давлатию иҷтимоӣ, рисолати офарандагию тарбиятгарӣ, навиштани корҳои илмию тадқиқотӣ, мудирият ва тиҷоратро сарбаландона иҷро менамоянд.

Аз ин рӯ, бар дӯши зани муосир иҷрои корҳои зиёде бор шудааст, аммо ӯ аз ин тарс надорад ва бо иродатмандӣ барои солимии оила ва ҷомеаи хеш мекӯшад. Пас, ҷомеа ва аҳли оила низ дар навбати худ аз обрӯ ва саломатии ӯ бояд ҳифз кунанд, чунки модари солим сарчашмаи оилаи солим ва ҷомеаи солим аст. Ҷомеа пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оилаи солим ва фарзандони солим- ин калиди асосӣ ва ояндаи давлат ҳисобида мешавад.

Сентябрь 8, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст