Шоҳзод Раҳимзода: «Иштирок дар маъракаи интихобот рисолати муҳим буда, ҳар овоз дар он метавонад ҳалкунанда бошад»
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. То баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати шаффоф ва бо риояи талаботи дахлдор баргузор гардидани ин маърака тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода оид ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки пешорӯи мо қарор дорад ва зарурияти иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар он ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:
-Мояи ифтихор аст, ки дар замони начандон тўлонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тақвият бахшида, тавассути Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гуногунандешии сиёсӣ ва таъсиси парламенти касбиро таъмин намояд. Ҳамин аст, ки зимни баргузории ин маърака “интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд” (моддаи 5 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”). Интихоботе, ки бидуни ҳама гуна фишороварию қонуншиканӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мегардад, иштирок дар он вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро маҳз иштирок дар интихобот саҳми мо дар таъмини ояндаи босуботи давлат ва василаи ширкат дар ташаккули фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи баёни ирода ва интихоби кардаамон мо фардои неки фарзандони хеш ва насли ояндасозро таъмин менамоем.
Аз ин рў, бояд ҳар яки мо хуб дарк кунем, ки воқеан иштирок дар маъракаи интихобот рисолати муҳим дар назди миллату давлат буда, ҳар овоз дар он метавонад ҳалкунанда бошад. Ҳар интихобкунандаро зарур аст, ки бо истифода аз андешаи комил, рушди тафакури маънавии худ, ҷаҳонбинии васеъ ва объектҳое, ки имрўзҳо ўро иҳота кардаанд, дар мисоли тараққиёти босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллию суботи комили ҷомеа ва шароити созгори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ номзади арзандаи худро интихоб намояд. Дар ин ҳолат, интихобкунанда бояд мутмаин бошад, ки интихоби дуруст роҳ ба сўи музаффариятҳост.
Ҷавонони матиниродаи миллати сарбаланди тоҷик бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрию зиракӣ, баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, пос доштани обу хоки ин сарзамини биҳишосо бо диди нав ба фардои дурахшони мамлакат иштирок дар интихоботро ҳамчун василаи ширкат дар ташаккули мақомоти давлатӣ дониста, саҳми арзандаи хешро дар раванди давлатсозию давлатдорӣ ва ба таври шаффофу одилона барпо гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мегузоранд. Бо дарназардошти фарогир будани ҳаёти рўзмарраи онҳо имрўзҳо иштироки фаъолу муташаккилонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботи президентӣ аз садоқат ба миллату давлат ва пайравӣ аз ташаббусҳои бузург ба хотири ояндаи боз ҳам орому пешрафта ва ободу зебо доштани онҳо шаҳодат медиҳад. Дар асл, нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ, хосатан дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гўшаи Тоҷикистон назаррас буда, ин ташаббусҳои наҷибу созанда, онҳоро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд ва дар таъмини суботи ҷомеа баҳри фардои дурахшони миллату давлат камари ҳиммат банданд.
Имрўз бо эҳсоси он, ки интихобот яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ буда, иродаи халқ дар назди давлат маҳсуб меёбад, насли хуштолеи миллат – ҷавонон бо дарки масъулиятшиносӣ бо мақсади ба таври муташаккилона барпо намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, фаъолона ширкат варзидан дар он ва бо интихоби дурусти номзади арзандаву содиқ ба миллату давлат даст боло гардиданро шиори ҳамешагӣ қарор дода, мутмаин ҳастанд, ки ин амали шоиста ба ояндаи дурахшони онҳо гомҳои устувор мегузорад. Зеро тӯли қариб се даҳсолаи охир иштироки фаъоли ҷавонон бо ҳушёрию зиракӣ барои интихоби номзади арзанда дар раванди давлатдорию давлатсозӣ нақши муассир гузошта, онҳо дар ҳама самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва маънавию сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҷавонон дар амалисозии ҳама ташаббусҳои давлату Ҳукумат нақши пешсаф ва ибратбахш доранд. Ин навбат низ онҳо метавонанд ба парчами ватандориву ибтикорот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда дурахши тоза бахшида, баҳри ояндаи дурахшону шукуфоии Ватан, ки масъулияти он бар дӯши насли ҷавони мамлакат вогузор аст, пешсаф бошанд.