Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо Президенти Федератсияи Россия суханронӣ кард

Сентябрь 10, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар Москва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчун раиси ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суханронӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ С. Муҳриддин зикр намуд, ки сарфи назар аз пандемияи сирояти коронавируси нав, раёсати Россия дар СҲШ ҳамкории муассирро дар доираи Созмон соли равон таъмин намуд ва ин имкон дод, ки дар татбиқи вазифаҳои аз тарафи роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 дар Бишкек гузошташуда натиҷаҳои хуб ба даст оварда шаванд.

С. Муҳриддин иттилоъ дод, ки ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеъгирии байналмилалии СҲШ, инчунин такомули заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ гузошта хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки шарҳи ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муаррифӣ хоҳанд кард.

 

АКСҲО аз ВКХ

Сентябрь 10, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд