СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОДА»-и ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои коршинос Фаридун Бобозода ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ
ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2016 инҷониб 29 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (ДАР АКС) аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии мамлакат, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.
Дар ҳошияи иди касбии кормандони хизмати дипломатӣ номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун БОБОЗОДА доир ба раванди бунёд ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки меҳвари он сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ибрози андеша намуд.
Коршинос зикр кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷи мамлакат ва муаррифии давлат дар саҳнаи байналхалқӣ равона гардидааст. Он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои кушода» гирифтааст.
«Доктринаи «сиёсати дарҳои кушода» (бо забони англисӣ: open – door policy) маънои фазои кушоди тамоми паҳлуҳои сиёсӣ, равобити байналмилалӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро арзёбӣ менамояд. Доктринаи мазкур соли 1899 аз ҷониби Котиби давлатии ШМА Ҷон Хеем эълон гардида буд, ки дар он қоидаҳои рақобати иқтисодӣ ва рафтори мамлакатҳои абарқудрат дар Чин, яъне тавозуни ягонаи сиёсат, боҷҳои ягона барои хизматрасониҳои бандарӣ, ҳамлу нақли роҳи оҳан – принсипҳои либералии савдои озод ифода ёфта буд», — афзуд номбурда.
Мавсуф ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 апрели соли 2010 зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд: «Сиёсати хориҷии кишвари мо бо усулу асосҳо ва суннатҳои тағйирнопазири худ тўли солҳои истиқлолият идомаи мантиқии стратегияи санҷида ва мутавозину фарогири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Он аз сиёсати ҳашт сол қабл эълон намудаи мо – «дарҳои кушод» бармеояд ва мисли пештара вазифаи хешро дар эҷоди шароити мусоиди байналмилалӣ ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори кишвар мебинад».
«То эъломи расмии сиёсати «дарҳои кушода» сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи мураккаби ташаккулро сипарӣ намуд. Ин марҳила аз оғози истиқлол шурӯъ гардида, бинобар давраи гузариши сохти иҷтимоӣ, кандашавии алоқаҳои устувори иқтисодӣ, буҳрони шадиди молиявӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо душворӣ рушд менамуд. Мувофиқи ақидаи тадқиқотчиён, мушкилоти ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он арзёбӣ мегардад, ки он аз сифр оғоз гардидааст. Дар мамлакат анъанаи пешбурди фаъолияти сиёсати хориҷӣ мавҷуд набуд. Принсипҳое, ки дипломатияи шӯравиро муқаррар менамуданд, бо идеология, мақсадҳо ва вазифаву ҳадафҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол тавъаманд набуданд. Тавре коршинос оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Зафар Саидзода баён менамояд: «Ҳолати номуайянӣ ва ноамние, ки баъд аз пош хӯрдани ИҶШС ба вуҷуд омада буд, дар назди роҳбарияти давлати Тоҷикистон вазифаи душвори мутобиқшавӣ ба вазъи муосири геополитикӣ ва муайянсозии афзалиятҳои сиёсати хориҷиро, ки ҷавобгӯ ба шароиту меъёрҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, эътиқодию фарҳангии минтақаву ҷаҳон ва мутобиқ ба ҷойгоҳи махсуси Тоҷикистони навин дар арсаи байналмилалӣ бошад, гузошта буд»-тазаккур дод Ф. Бобозода .
-Давраи нисбии рушди сиёсати хориҷӣ бо ба сари қудрат омадани ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Cарвари давлати тоҷикон аз рўзи аввали ба сари қудрат омадан сиёсати хориҷии бисёрсамтиро пайгирӣ менамуданд, — иброз дошт Ф. Бобозода ва афзуд, ки ҳарчанд татбиқи воқеии ин сиёсат бо назардошти ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти ба он тавъам аз оғози ҳазораи сеюм шурӯъ гардида бошад ҳам, вале марҳилаи ташаккули сиёсати хориҷии мамлакат тадриҷан ин воқеиятро ошкор намуд.
Масалан, ба гуфтаи ӯ, дар муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати хориҷӣ инъикос шуданд, ки дар он «ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси мутақобила, узвият ба соозмонҳои байналмиллалӣ, таҳкими равобит бо кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» нақши муҳим дошт.
Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки 4 январи соли 1993 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Муроҷиатнома ба кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ» қабул намуд, ки кўшиши қатъии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар «таъмини фазои демократии мамлакат, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, таъсиси иқтисоди бозаргонӣ, таъмини реҷаи мусоиди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва соҳиб гаштани узвияти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ» таъкид менамуд. Ин муроҷиат ба хотири эътирофи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқрори равобити дипломатӣ бо давлати мо садо дод.
Ба таъкиди коршинос, ташаккули бардавоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба мисли дигар дастовардҳои мамлакат, ба давраи ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон, яъне баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузор ва пешбарандаи сиёсати хориҷӣ ба рушди муносибатҳо ва робитаву ҳамкории нав ба наву фарох бо кулли мамлакатҳои дунё таваҷҷуҳи махсус дода, эълом доштанд, ки дарҳои Тоҷикистон ба ҳама давлатҳои нияти неки дӯстона ва равобити босамар хоста кушода мебошанд. Ҳамин тариқ, дар самти татбиқи сиёсати бисёрсамтӣ баромади Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад:
Ҳавзаи якум — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккул ба сўи таҳкими равобити хамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад.
Ҳавзаи дуввум — Осиёи Марказист, ки кунун рў ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.
Ҳавзаи саввум — фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанўз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам наздик мекунанд.
Ҳавзаи чаҳорум — доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на факат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эхтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.
Ниҳоят, ҳавзаи панҷум — ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сўи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд».
Аз ҷониби дигар, Ф. Бобозода тазаккур дод, ки Тоҷикистон тадриҷан ба эъломияҳои байналхалқӣ дар самти равобити дипломатӣ ҳамроҳ гардид, ки узвият ба Эъломияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 дар таърихи 4 ноябри соли 1993 далели гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳамзамон якчанд асноди муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти сиёсати хориҷӣ ба тасвиб расиданд, ки ба ташаккули сифатии он мусоидат намуданд. Дар ин радиф, санадҳои зерин муҳимтарин буданд:
— Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 1995 — №165;
— Низомнома дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 1995 — №165;
— Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз 30 июли соли 1998 №275 (т/и 02.11.2007 №275);
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ аз 11 декабри соли 1999 (т/и 06.08.2001 №31, 28.12.2005 №142, 22.07.2013 №1013);
— Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2002;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ аз 2 декабри соли 2002 (т/и 2002, 2006).
Дар баробари ин аз соли 2000 ниҳоди нави муаяйнкунандаи самтҳои сиёсати хориҷӣ дар шакли Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ гардид, ки аз пешрафти сифатии сиёсати хориҷии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, барои эъломи сиёсати «дарҳои кушода» якчанд омилҳо ва шароите буданд, ки зарурати пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтиро тақозо менамуданд. Ин омилҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос мегаштанд:
— мавқеи муҳими стратегии мамлакат, ки яке аз нуқтаҳои калидии фазои Осиёи Марказиро дар бар мегирад;
— зарурати ҳифзи истиқлоли сиёсӣ;
— аз оғози ҳазораи сеюм боло рафтани нақши минтақа дар саҳнаи байналхалқӣ, ки бо амалҳои террористӣ дар ИМА ва оғози фаъолияти эътилофи зиддитеррористӣ дар Афғонистон алоқаманд буд;
— истодагарӣ дар муқобили хатарҳои нави ғайрианъанавӣ;
— инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик, яъне дўстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷии мамлакат;
— нигоҳ доштани тавозун дар самти афзалияти самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат;
— ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ барои эҳёи иқтисодиёти кишвар ва татбиқи ислоҳот дар самти рушди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон.
Бо натиҷагирӣ аз гуфтаҳои боло мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон давлати соҳиби мавқеи муҳими стратегӣ ва геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад ва чӣ гуна мақомро дар минтақа ва ҷаҳон касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба он вобастааст, ки то кадом дараҷа сиёсати дурусти хориҷӣ пеш бурда мешавад.
«Ин омилҳо ба эъломи сиёсати «дарҳои кушода» мусоидат намуданд, ки омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳад, — гуфт Ф. Бобозода ва иброз дошт, ки гузашти вақт исбот намуд, ки пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ самти ягонаи дурусти пешбурди муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккаби тағйироти бунёдӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ ба шумор меравад».
Имрўз зимни баррасии афзалият ва дурустии «сиёсати дарҳои кушода» метавон аз далоили мушаххас таъкид намуд:
— истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 160 давлати дунё;
— эътирофи расмии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 180 кишвари сайёра;
— узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ;
— имзои 2100 созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— ҳамроҳӣ ба 350 эъломияву қатъномаҳои байналхалқӣ;
— мубодилаи молу маҳсулот бо беш аз 100 кишвари ҷаҳонӣ;
— дастовардҳо дар самти пешниҳоди ташаббусҳои байналхалқӣ (ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ);
— раёсати Сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ;
— пешниҳоди формулаи сулҳ ва ғайра.
Муҳимтар аз ҳама, ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро «сиёсати дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ 15 марти соли 2013 дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии мамлакат баён доштанд, ки «… мо чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» ягон давлатро ба ҳайси давлати бадхоҳ арзёбӣ карданӣ нестем ва тавре ки ман борҳо иброз доштам, бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкории беғараз ва мутақобилан судманд густариш хоҳем дод».
Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин, ба таъкиди ҳамсуҳбати агентӣ, дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.
Ӯ илова намуд, ки дар ин замина мусоидат ба эҷоди фазои эътимоду амният атрофи мамлакат аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлати мо қарор хоҳад дошт.
Ф. Бобозада тазаккур дод, ки тағйироти муҳими муносибатҳои байналхалқӣ ва осебпазирии кишварҳои миллӣ дар солҳои 2013-14 воқеияти навро возеҳ намуданд. Дар ин самт бо назардошти таъмини манфиатҳои миллӣ мебояд арзишҳои нав ба консепсияи сиёсати хориҷӣ ворид гарданд. Ин арзишҳо вокуниш ба воқеиятҳои муосир ба хотири ҳифзи истиқлол ва пайгирӣ аз сиёсати мутавозини хориҷӣ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати мамлакат муайян ва танзим менамояд.
«Зарурати таҳия ва қабули ин Консепсия аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди мамлакат ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имконоти муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад», — гуфт директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатӣ Ф. Бобозода.
Ҳамзамон ба зикри номбурда, ба Қонун дар бораи хизмати дипломатӣ баъзе тағйирот ворид шуда (аз 31 декабри соли 2014), моҳият ва мундариҷаи он мукаммалтар гардид. Новобаста аз муваффақ будани сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўёруи якчанд хатарҳои муосир қарор дорад, ки устувории рушди минбаъдаи он аз пешгирӣ ва вокуниш нисбат ба онҳо вобаста мебошад:
— тағйироти бунёдӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ бо ивазшавии усулҳои рақобати абарқудратон ва минтақаҳои геополитикӣ;
— зуҳури ғояҳои нави ифротӣ ва иртиҷоӣ, аз қабили ифротгароии динӣ, миллатгароии нав (неофашизм) ва осебпазирии давлатҳои миллӣ, терроризми дорои инфрасохтори давлатӣ ва худкифо (аз раванди ҷаҳонишавӣ бештар созмонҳои ғайридавлатӣ ва террористӣ истифода бурда, мутобиқ шудаанд);
— таъсири манфии хатарҳои иттилоотӣ (шустушўи мағзҳо, ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои ифротӣ ва паҳн намудани ғояҳои ифротии динӣ);
— побанд нашудан ба таъсири геополитикии кишварҳои абарқудрат.
«Мо дар маҳалли иттисоли тамадунҳо қарор дорем, аз ин рў мебояд нақши махсус дошта бошем. Вале мо набояд фирефтаи мавқеи геополитикии худ шуда, воқеияти мавҷударо сарфи назар намоем, таъкид намуд Ф. Бобозода ва афзуд, ки бар асоси зикрҳои боло бояд хулоса намуд, ки моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир бо амалӣ намудани сиёсати «дарҳои кушода» дар мавқеи устувори давлат доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин асоси ҳадафи доктринаи «дарҳои кушода»-ро тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, беистисно, бо тамоми субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад».
Мавсуф зимни суҳбат ҳамчунин тазаккур дод, ки доктринаи мазкур маҳсули пурсамари фаъолияти сиёсати хориҷии Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат мо шоҳиди тағйироти тартиботӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидем, ки нақш ва мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Аз ин лиҳоз, Ф. Бобозода иброз дошт, ки моро зарур аст иқдому қарорҳои мазкурро дар самти сиёсати хориҷӣ «Доктринаи Эмомалӣ Раҳмон» эълом дорем. «Онро метавон чунин асоснок намуд, ки дар партави роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва ба таври мукаммал таҳияшудаи принсипҳои бунёдӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувафаққиятҳои бузурге дар соҳаи мазкур ноил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи гуфтаҳои дар боло зикршуда ба ҳисоб мераванд», — таъкид намуд дар поёни суҳбат директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода.