ТАВАҶҶУҲ! Парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе
ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии сирояти нави COVID-19 дар бораи 10 сентябри соли 2020 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвози чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе қарор қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи беҳдоштию эпидемиологиро риоя кунанд.
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани билетҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.
Барои дохил шудан ба рӯйхат ҳамватанонро мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд. Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Аммо кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






