Тоҷикистон ва Япония татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин собиқ Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидеки Танабе ва Роҳбари навтаъйини он Такасака Мунеоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA), аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ ба кумакҳои техникӣ ба иқтисод, маориф, тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пиромуни ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 низ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои мутахассисони давлати мо саҳми арзанда гузошта истодааст.
Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати ифтитоҳи корхонаҳои муштарак бобати коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи мазкур дар мамлакат иқдомҳо сурат гиранд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Роҳбари собиқи Агентӣ Ҳидеки Танабе барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Япония изҳори сипосгузорӣ намуда, ба Роҳбари навтаъйини он дар фаъолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






