Ҳукумати Тоҷикистон амали нангини террористии бар зидди муовини аввали Раисҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ содиршударо шадидан маҳкум намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон интишор шудааст.
Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу кард.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.
Тавре имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1TV» иттилоъ дод, субҳи 9 сентябр дар шаҳри Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сӯиқасд ташкил гардид. Бар асари ин амали террористӣ на кам аз 10 нафар кушта ва 15 нафари дигар, аз ҷумла се нафар муҳофизони Амруллоҳ Солеҳ захмӣ гардиданд. Худи ӯ зарар надидааст.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






