Волонтёрон барои хизмат расонидан дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудан ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, барои волонтёрони забондон семинари омӯзишӣ баргузор намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар семинар 150 нафар волонтёрон аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки 10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ ҳамчун роҳбалад хизмат менамоянд.
— Маҳз фаъолияти густурдаи волонтёрон ва ҳамзамон иштироки бомасъулиятонаи ҷавонони мамлакат дар интихоботи моҳи март баргузоргардида баҳои баланд гирифт ва ба ҳамин хотир дар интихоботи навбатӣ низ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ барои он ки фаъолияти волонтёрӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад, ҷавонони бодонишу малакаро барои волонтёрӣ дар ин санаи муҳим интихоб намуданд. Он нафароне, ки ҳамчун волонтёри забондон ба рӯйхат ворид шудаанд, барои онҳо бейҷикҳои махсус бо нишон додани шахсият аллакай омода гардидаанд ва ҳамзамон барои таъмини бехатарӣ ва амнияти онҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамчун масъул мо тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем,-гуфт Дилноза Аҳмадзода.
Ҳамчунин зикр гардид, ки он нафароне, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамчун масъул саҳм мегузоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдодашон қариб ба 2 млн нафар мерасад. Аз байни ин шумора ҳамагӣ 300 нафар бо назардошти фаъолияти густурда, дониши мукаммал ва донистани хуби забонҳо, пеш аз ҳама, забони давлатӣ пешниҳод ва интихоб шудаанд. «Ҳамаи моро зарур аст, ки дар рӯзи интихобот қарзи шаҳрвандиямонро ҳамчун масъул ва интихобкунанда адо намоем. Инчунин барои он нафароне, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамчун мушоҳидони байналмилалӣ иштирок ва аз ҳавзаҳои интихоботӣ дидан менамоянд, бояд роҳбалади хуб бошем»,-афзуд Дилноза Аҳмадзода
Муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Абдуҷаббор Қодирзода иброз намуд, ки КМИР дар раванди омодагӣ ба баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -2020 ҳамчун мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии волонтёрон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон бо қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот, ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба таври васеъ истифода мебарад.
Дар охири семинар ба волонтёрон китобчаи «Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва КМИР ба нашр расидааст, дода шуд.