1300 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд-бардошт аз ҳамоиши гусели наваскарон дар Хуҷанд

Октябрь 5, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар марҳилаи аввали гусели даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ноҳияи Шаҳристон тавонист маъракаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намояд. Инчунин шаҳру навоҳии Гулистон 84, Кўҳистони Мастчоҳ 70, Спитамен 68, Зафаробод 63, Ҷаббор Расулов 61, Ашт 60 ва шаҳри Панҷакент 60 фоизи маъракаи даъватро иҷро намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд,  дар ҳамоиши мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, устодону донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва волидони даъватшавандагон иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти мунтазам ба роҳ мондааст. Аз ин рў, соли равон дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафи ихтиёриён зиёд гардида, имрўз корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сабаби он гардид, ки беш аз 1300 нафар ҷавонони чусту чолок бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд».

«Артиши  миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обу тобёфтаро ба камол расонидааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонати мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд»-афзуд Раиси вилоят.

-Таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобата ба он таълиму тарбия ва рӯҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд,-гуфт Раиси вилоят ва дар идомаи суханонаш таъкид намуд, ки «имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ, далели садоқати онҳо ба арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллӣ  мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад».

Дар вазъияти имрўза барои  будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ рўзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан  камари ҳиммат мебанданд.

Дар ин рӯз барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Октябрь 5, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд