150 нафар наваскарон аз Ҳисор барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шуданд

Октябрь 2, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 02.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Ҳисор маросими гусели 150 нафар ҷавонон, ки барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъват гардиданд, баргузор шуд.

Дар маросими гусели наваскарон, ки дар  майдони назди Қасри фарҳанги шаҳр доир гардид, Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода иштирок  намуда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас  ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавони тоҷик мебошад.

Раиси шаҳр ба ҷавонон-наваскарон, ки барои адои қарзи ҷавонмардӣ ба маъракаи гусел ҳозир шуда буданд, дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми  Ватани азизамон-Тоҷикистон роҳи сафед ва шуҷоатмандию мардонагӣ таманно намуд. Ҳамчунин ба падару модарони наваскарон, ки чунин фарзандони бонангу ор ва ҷасуру ватанпарвар ба камол расонидаанд, миннатдорӣ баён намуд.

«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи марзу буми Ватан-Модар мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди боору номус ва ватанхоҳ буда, дар ин мактаби мардонагӣ ҷавонмардони асил обу тоб ёфта, барои ҳимояи Ватан омода мегарданд. Зиёд гардидани шумораи ҷавонписарони шаҳр, ки ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафарбар мегарданд, шоистаи таҳсину ифтихор аст», -афзуд Раиси шаҳри Ҳисор.

Октябрь 2, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид