Пагоҳ дар Душанбе Конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 октябр дар Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» доир гардида, дар он муҳокимаи зиёда аз 100 маърӯзаи илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Беш аз 30-тои онҳо аз пажӯҳишгоҳҳо ва институтҳои кишварҳои узви ИДМ, ИМА ворид шудаанд. Маърӯзаҳои воридшуда ба масъалаҳои физикаи плазма, физикаи нимноқилҳо, физикаи назариявӣ, мониторинги радиатсионии маҳал, таҳлили маҳсулоти хӯрокворӣ барои муайян намудани мавҷудияти унсурҳои зараровар, тағирёбии иқлим, коркарди маводи нанокомпозитӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва ғайримаъмулии неруи барқ, булӯршиносӣ, уфунати коронавируси нави COVID-19, физикаи ноқилҳои фавқулода ва ғайра бахшида шудаанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти мазкур Фарҳод Шокир иттилоъ дода, зикр намуд, ки бо дарназардошти таъсири ҷаҳонии пандемияи COVID-19 аз тарафи кумитаи илмӣ ва ташкилӣ дар кори он баъзе тағйирот, аз ҷумла низомҳои фосилавӣ барои рӯнамоиҳо ва мубоҳисаҳо ворид карда шудаанд.
Бино ба гуфтаи директори Институти физикаю техника Фарҳод Шокир, дар Кумитаи тадорукоти конфронс беш аз 40 нафар олимон ва мутахассисон, аз ҷумла намояндагони Британияи Кабир, Исроил, Қазоқистон, Россия ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Украина ва дигар кишварҳо шомил мебошанд.
“Сарфи назар аз маҳдудияти вобаста ба пандемия, мо бояд аз тамоми имконот ҷиҳати таъмини фаъолияти муттасили илмӣ-тадқиқотӣ истифода намоем. Бо сабаби вазъияти мавҷуда, мо натавонистем олимони кишварҳои узви ИДМ, ИМА, Аврупо, инчунин Чин ва Японияро даъват кунем, аммо масоили илмӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати олимони хориҷӣ дар шакли онлайн муҳокима хоҳад шуд”,-афзуд номбурда.
Конфронси байналмилалӣ тайи ду рӯз идома меёбад.
Чунин конфронс аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба доир мешавад.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






