ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ! Муҳандисони рӯҳи инсон имрӯз ид доранд!

Октябрь 4, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 04.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Имсол аз таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар мамлакат 25 сол сипарӣ гардид, зеро он бори аввал 3 ноябри соли 1995 таҷлил гардида  буд. Рӯзи муаллимон ҳамсасола дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз мақому мартабаи болои  омӯзгорон дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Ба ин муносибат дар паёми табрикии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода чунин омадааст: «Ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол то сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб мешавад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд. Дарвоқеъ, пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буду ҳаст ва мемонад. Вобаста ба ҳамин  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст». Гузашта аз ин, бузургони илму адабамон низ дар тавсифу ситоиши омӯзгор ҳамчун раҳнамову роҳкушо суханҳои пурқимат гуфтаанд. Аз ҷумла, Камоллидини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода  дар идомаи паёми табрикӣ зикр менамояд, ки  бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид гашт, омӯзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад.

-Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омӯзгоронро дар ҷомеаи мо болотар намуда, талошҳои онҳо дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳо барои ҳамагуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои судманди падару модар ва ҷомеа, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи ташаббусҳоеанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд. Яке аз охирин иқдом дар ин самт аз 1 сентябри соли равон 15 дарсад зиёд шудани маоши омӯзгорон бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамчунин, иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави таҳсил дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, суханрониҳо дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ боиси рӯҳбаландии аҳли маорифи кишвар мегардад, -афзуд Муҳаммадюсуф Имомзода.

Муҳаммадюсуф Имомзода таъкид намудааст, ки замони муосир дар назди ҳар нафари аҳли маориф талаботи навро мегузорад ва аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамқадами замон гардида, дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони забондону мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологии муосир ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем. Ҳамчунин, дар иҷрои нақшаҳои дарпешистода, аз ҷумла, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофу таҳкими илмҳои бунёдӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» саҳми босазо гузорем.

Иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон  муборак, устодону омӯзгорони азиз!

ДАР АКС: омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019»  

 

Октябрь 4, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус