Абдуҷаббор Азизӣ дар бахши пленарии Форуми байналмилалии байниҳизбии кишварҳои аъзои СҲШ онлайн иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар доираи баргузории видеоконференсияи Форуми байналмилалии байниҳизбии кишварҳои аъзои «Созмони Ҳамкории Шанхай» дар мавзӯи «Иқтисод барои одамон» иштирок намуд.
Дар оғози гузориш ба иштирокчиёни Форум аз номи Раиси муаззами ҲХДТ салому паёми самимӣ иброз намуд.
Зикр гардид, ки гузаронидани ҳамоиш имкони хубест барои мубодила ва ибрози андеша вобаста ба масъалаҳои муҳим барои ташкили ҳамкорӣ миёни ҳизбҳои давлатҳои «оилаи СҲШ» ва дигар кишварҳою ташкилоти манфиатдор.
Аз ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид гардид, ки иқдоми баргузории ҳамоиши имрӯза нақши бузурги Федератсияи Россияро ҳамчун раисикунандаи СҲШ муқаррар мекунад. Ҳадафи асосӣ мустаҳкам ва густариш додани муносибатҳои дӯстонаю пурманфиат дар доираи амалисозии талаботи созмон мебошад.
Зимни мулоқоти онлайнӣ ҳамчунин якчанд масъалаҳои муҳими иқтисодӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии каронавирус, ташкили ҳамкории судмандии иқтисодию савдоӣ, энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории сохтмони пулҳо, роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ки метавонанд такони нави рушди ҳамаҷонибаи устувори иқтисодиро барои одамон таъмин намоянд, баррасӣ гардиданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






