Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои «Рӯзҳои СААД» дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар чорабиниҳои «Рӯзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)» ба муносибати 18-умин солгарди имзои Оинномаи СААД ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи он чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки аксҳо таҳти унвони «Дар посдории сулҳ. Кишварҳои узви СААД дар фаолияти байналмилалии сулҳофаринӣ» сурат гирифт ва ҷаласаи мизи мудаввар дар мавзӯи «СААД: самтҳои рушди стратегӣ» бо иштироки муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.
Музаффар Ҳусейнзода дар мизи мудаввар сухан гуфта, нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба фаолияти минбаъдаи СААД баён намуд. Зарурати тамаркузи таваҷҷуҳ ба чолишу таҳдидҳои муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон, ки ҳамчун мавзӯъҳои доғи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ боқӣ мемонанд, таъкид гардид.
Инчунин ба гузариши раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли равон махсусан ишора шуд. «Кишвари мо самтҳои авлавиятноки раёсати худро дар СААД тарҳрезӣ намуда истодааст. Авлавият дар рафти иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро баҳри мусоидат ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмон ва таъмини самарабахшии фаолияти он сафарбар хоҳад кард,» — зикр намуд муовини вазир.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






