Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши сиёсӣ, фарҳангӣ ва солимгардонӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Забони модарии мо — забони шоирист!” ва “Ватанамонро сидқан дӯст медорем!” ҳамоиши сиёсӣ, фарҳангӣ ва солимгардонӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки маҳз сиёсати дурусти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони истиқлол дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд.
Ректори Академия оид ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иброз дошт, ки устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин иқдом бетараф нестанд ва тибқи нақша ҳар ҳафта дар боғу гулгаштҳои пойтах корҳои ободонию сабзкориро амалӣ менамоянд.
Дар доираи ҳамоиши мазкур дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор шуд, ки донишҷӯёни Академия саҳни боғ, роҳравҳо ва курсиҳоро тозаву озода карда, партовҳо ва хазонҳоро рӯбучин намуданд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






