Ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд

Октябрь 1, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки  вакилони Маҷлиси намояндагон баъд аз  садо додани суруди миллӣ, интихоби котиботи иҷлосия, комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ва тартиби инъикоси кори иҷлосия дар оғози он лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаи мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва вакили мардумӣ Шариф Ҳакимзода шарҳ дода, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ба вакилони мардумӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки  мутобиқи лоиҳа ба моддаи 33-и Қонуни мазкур илова ворид мегардад, ки тибқи  он дар мувофиқа бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мансаб таъйин  ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии маориф ба салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вакили мардумӣ Ғиёсиддин Ашуров сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани малака ва қобилияти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин фароҳам овардани имконоти таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва ихтисосмандкунонии муҳоҷири меҳнатӣ ва оилаҳое, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ алоқаманданд, равона карда мешавад. Лоиҳа барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, шуғли пурмаҳсул, рушди иқтисодӣ ва паст кардани нобаробарӣ мусоидати зарурӣ хоҳад кард.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома — нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро ба вакилони мардумӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода муаррифӣ намуда, изҳор карданд, ки ҳадаф аз ташкили минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»- ин таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтарсозии қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа маҳсуб мешавад.

Октябрь 1, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд