Анвар Аъзамов: Дар Ҳисор мардум бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистон раъй медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. То соати 10:00 дар 103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 82 ҳазору 920 нафар дар интихобот иштирок намуда, ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй додаанд, ки 48,3 фоизро ташкил медиҳад.
Раиси ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 Анвар Аъзамов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки шурӯъ аз соати шаши субҳ бо пахши Суруди миллӣ дар 103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 чун дигар ҳавзаҳои интихоботии мамлакат интихоботи президентӣ оғоз гардида, мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва рӯҳияи умед ба фардои дурахшони Тоҷикистон дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда раъй медиҳанд. Анвар Аъзамов афзуд, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 нозирони миллию байналмилалӣ, аз қабили нозирон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушоҳида намуда истодаанд.
Мавсуф зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имконоти раъйдиҳӣ фароҳам оварда шудааст. Дар 103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15, ки 1309 нафар аъзо дорад, 171 ҳазору 676 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 3527 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Анвар Аъзамов зикр кард, ки бо назардошти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ-тепловизорҳо таъмин ва 340 нафар кормандони тиб ва 300 нафар волонтёрҳо аз ҳисоби ҷавонон ба ин маърака сафарбар гардидаанд.
ДАР АКС: иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз АМИТ «Ховар»