Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт шурӯъ аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он то 30 октябри соли равон идома меёбад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар дод.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.
АКС аз бойгонӣ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






