Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд гардидааст

Октябрь 28, 2020 11:25

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт шурӯъ аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он  то 30 октябри соли равон идома меёбад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар дод.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва  меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 28, 2020 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид