Ба кормандони беморхонаи шаҳри Хоруғ кумаки моддӣ расонида шуд

Октябрь 30, 2020 08:30

ХОРУҒ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи вилоятии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 70 нафар табибон, ҳамшираҳои шафқат, ронандагони мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки мубтало ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва КОВИД — 19 шудаанд, кумаки яквақтаи моддӣ расонд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, раиси ин кумита Гулнигор Зоҳирбекова гуфт, ки “баъди бистарӣ шудани беморон бо аломатҳои бемории КОВИД-19 аксари табибону ҳамшираҳои шафқат ҳафтаҳо ба хона намерафтанд ва шабу рӯз дар паҳлуи беморон буданд. Онҳое, ки ин бемориро пушти сар гузоштанд, медонанд, ки табобаташ бо чӣ мушкил паси сар мешавад. Табибон медонистанд, ки ҳарчанд ҳамаи чораҳои беҳдоштиро ҳам риоя намоӣ, аз муомилаву муоширати зиёд бо беморон имкони сироят ёфтанашон бештар мешавад. Аммо табибону ҳамшираҳои шавқат ва дигар кормандони соҳа сарфи назар ин хатарҳо садҳо нафарро табобат ва ба хонаҳояшон гусел намуданд. Ҳарчанд чандин нафар аз ҳамкасбону ҳамкорони мо низ бо аломатҳои бемориҳои илтиҳоби шуш ва КОВИД-19 бистарӣ шуданд, аммо хушбахтона, ҳамаи онҳо аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурданд. Пас аз сиҳат шудан аксари онҳо бо кумаки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ба шифохонаҳои Гармчашмаву Авҷ барои дамгирӣ ва муолиҷаи иловагӣ фиристода шуданд”.

Раиси Кумитаи вилоятии  Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, ки дар фасли зимистон дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди сабзавоту меваҷот коҳиш меёбад ва аз ин рӯ онҳо рӯзҳои наздик барои захира кардани чунин маҳсулот ба табибон кумак хоҳанд кард.

 

Октябрь 30, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад