Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд

Октябрь 27, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, 26 октябр  дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти шиори «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд миёни сохторҳои донишгоҳ оғоз гардид. Ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа  ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода зикр намуд, ки мусобиқаи футбол ба хотири равнақ бахшидани муттаҳидию дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ дар байни устодону кормандон, тарғибу ташвиқи рушди варзиш, хусусан футболи хурд, ҷалби кормандон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани беҳтарин даста дар байни ҳайати кормандони донишгоҳ мебошад.

Имрӯз футбол  бесабаб «шоҳи варзиш» ва «бозии миллионҳо» ном бурда намешавад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ футбол варзиши №1, дӯстдоштатарин бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.

Октябрь 27, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд