БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ-2020. Дар Суғд ин маъракаи муҳим муташаккилона идома дорад

Октябрь 13, 2020 09:51

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Тоҷикистон  1 октябр барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид, ки  он  то 15 октябри соли равон  идома меёбад. Ин маъракаи муҳими дорои аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,  аз ҷумла, дар вилояти Суғд муташаккилона идома дорад. Давраи аввали пешакии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилояти Суғд  аз 1 то  25 апрели соли равон аз ҷониби 818 нафар корманди муваққатӣ  бо истифода аз технологияи муосир, аз ҷумла планшети ба интернет пайваст сурат гирифт, ки дар ҷараёни он  рӯйхати биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳо) тартиб дода шуд.

Тавре сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода  иброз дошт, барои сари вақт ва бо сифати баланди ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён гирифтани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳру навоҳии вилоят  176 мудири шуъба, 176 ёрдамчии мудири шуъба, 1215 дастурдиҳандаю назоратчӣ ва 6 ҳазору 175 ҳисобчӣ ба маърака ҷалб шудаанд. Бо ҳар як  нафари   ҷалбгардида  шартномаҳои меҳнатӣ  баста шудааст,  ки тибқи он музди маоши онҳо партохт карда мешавад.

Тибқи маълумоти Ҳокимбек Накҳатзода,  бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани   барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  дар вилояти Суғд   масъулини ин маъракаи муҳим  бо  49 компютери замонавию ноутбук, 21 принтер, 1157 планшет, 2 факс, ҳамчунин, мебелҳои замонавӣ, мизи корӣ, ҷевонҳо, 100 курсӣ ва маводи конселярӣ  таъмин карда шудаанд.

«Дар доираи омодагӣ ба маъракаи мазкур  номгӯи 3100 кӯчаву тангкӯча, 195,4 ҳазор рақами хона дар биноҳо, манзилҳои деҳот ва сарҳадҳои онҳо тартиб дода шуд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, то 1 январи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 2 миллиону 698,9 ҳазор нафар ба баршуморӣ фаро гирифта, аз онҳо сабти номи 2 миллиону 693,8 ҳазор нафар аҳолии вилоят ба тартиб дароварда шуд»,-афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба тавсияҳои Комиссияи омори СММ ҳар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мегузаронад. Дар солҳои  соҳибистиқлолӣ бори сеюм  аст, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва  маротибаи  дуюм аст, ки  барӯйхатгирии фонди манзил гузаронида мешавад.

Барӯйхатгирии аҳолӣ барои ба даст овардани маълумоти саҳеҳ  оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муайян намудани дурнамои рушди ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ  мусоидат намуда, маҳз дар асоси натиҷаҳои баҳисобгирии шумораи аҳолӣ консепсияю стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия мегарданд.

Дар пурсишномаи фонди манзил, асосан ба саволҳо оид ба манзил посух гирифта мешавад, аз ҷумла, масоҳати умумии манзили зист, навъ ва давраи сохтмони манзил, масолеҳи деворҳо ва боми манзил, ободонии манзил, гармирасонӣ, обтаъминкунӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои партовпартоӣ. Як қисми маъракаи барӯйхатгирии фонди манзил, яъне барӯйхатгирии хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (листиг), пеш аз маъракаи асосии барӯйхатгирӣ моҳи май – июн гузаронда шуд, ки ин ҳам таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон  истифодаи шабакаи интернет, планшет ва  терминалҳо барои баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  усули  нав мебошад. Даҳ сол қабл баҳисобгирии аҳолӣ ба таври анъанавӣ, яъне коғазӣ, сурат гирифта буд, ки хеле мушкил гузашт. Масъулин иброз медоранд, ки  аз  усули нав  кор бурдан  дар ин маъракаи муҳим корашонро осон намудааст.

Октябрь 13, 2020 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад