Барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии иттилоот барои рушд бахшида мешавад

Октябрь 23, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд тибқи қарори сессияи 27-уми Ассамблеяи Генералии  СММ 47 сол қабл, яъне соли 1973 ҷашн гирифта шудааст. Ҳадаф аз таъсис додани ин сана  ҷалб намудани таваҷҷуҳи афкори ҷомеа ба мушкилоти рушд маънидод шудааст.

«Паҳн намудани маълумот оид ба рушд омили ҷиддӣ барои дарки мушкилоти рушд дониста шуда, барои тақвияти кӯшишҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад. Технологияҳои иттилоотӣ-робитавӣ бартараф намудани мушкилоти рушдро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин карда, ба тараққиёти иқтисодӣ суръат бахшида, ба рақобати солим, дастрасии пурра ба  маълумоту донишҳо, аз байн бурдани қашшоқӣ ва расидан ба баробарии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд», — омадааст дар  Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд, ки ҳар сол 24 октябр ҷашн гирифта мешавад.

Дар асри 21, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Воқеан ҳам ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки метавонад ҳам  созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин лиҳоз мақомоти марбутаро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим  эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.

— Мо бояд, пеш аз ҳама, фарҳанги истифодаи дуруст аз иттилоъро барои мардум омӯзонем. Аз ин рӯ дар ин самт бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шаванд. Барои ташкил ва огоҳонидани ҷомеа вобаста ба фарҳанги истифодаи дуруст аз иттилоъ Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг нақши босазо доранд,- мегӯяд корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ.

Идомаи андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша» 24 октябр, соатҳои 09:30, 14:30 ва 17:30 аз Радиои «Ховар» бишнавед. Барнома дар таҳияи муҳаррир Моҳинави НАВРӮЗ пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Октябрь 23, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад