Бонки ҷаҳонӣ: бар асари COVID-19 дар ҷаҳон шумораи одамони дар сатҳи камбизоатии шадид қарордошта метавонад 150 миллион нафар зиёд шавад

Октябрь 8, 2020 07:48

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шумораи одамоне, ки дар сатҳи камбизоатии шадид дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, метавонад  солҳои 2020 ва 2021 бар асари  буҳрони иқтисодии вобаста ба пандемияи коронавирус 150 миллион зиёд шавад. Тавре ки АМИТ  «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.

«Интизор меравад, ки соли равон бори аввал дар тӯли беш аз 20 сол миқёси камбизоатии шадид дар ҷаҳон ба асари таъсири манфии пандемияи COVID-19, низоъҳо ва тағирёбии иқлим метавонад зиёд шавад. Имсол бар асари пандемия аз 88 то 115 миллион нафар метавонанд бори дигар ба камбизоатии шадид мувоҷеҳ шаванд ва бо дарназардошти  афзоиши иловагӣ то 23-35 миллион нафар дар соли 2021 шумораи умумии онҳо дар ду сол метавонад аз 110 миллион то 150 миллион нафарро ташкил  диҳад», — омадааст дар гузориш.

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, соли равон камбизоатии шадид, ки дар ин ҳолат одамон дар як рӯз бо камтар аз 1,9 доллар зиндагӣ мекунанд, эҳтимолан аз 9,1 то 9,4 фоизи аҳолии ҷаҳонро фаро гирад. Агар пандемия намебуд, тавре ки интизор мерафт, сатҳи камбизоатии шадид соли равон то 7,9% коҳиш меёфт. Ҳоло он тадриҷан ба нишондиҳандаи соли 2017 — 9,2% бармегардад.

ДАР АКС: Ситод- дафтари БУ, Вашингтон. Акс:  © EPA EFE/SHAWN THEW

Октябрь 8, 2020 07:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид