Бозиҳои Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо ғалабаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфтанд

Октябрь 26, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар варзишгоҳҳои  мамлакат бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон   дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар  ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал 12 даста иштирок карданд ва дар ду марҳила ҳар даста 22 бозӣ анҷом дод. Дастаи футболи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб аз 22 бозӣ бо 51 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюм насиби  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд шуд, ки 49 хол ба даст овард. Медалҳои биринҷӣ бо 41 хол насиби дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ гардид. Воқеан, дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар мавсими соли 2021 дар Лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 4:0

Голҳо: Муҳаммад Буризод, 20 (1:0). Файзиддин Назаров, 51 (2:0). Муҳаммадҷон Ризомов, 55 (3:0). Муҳаммад Буризод, 56 (4:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Билолиддин Исматуллоев («Саройкамар»), 68 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).

«Ҳосилот» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Нурулло Маҳмудов, 70 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Шерзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозингари  вохӯрӣ: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» – 4:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 67 (1:0). Ҳасан Рустамов, 80 (2:0). Аваз Қамчинов, 82 (2:1). Умед Бадалов, 86 (3:1). Сафаралӣ Каримов, 87 (4:1). Аваз Қамчинов, 89 – аз пеналтӣ (4:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:3

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 7 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (2:0). Бахтиёр Зарипов, 39 (3:0). Баҳровар Ҳалимов, 42 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 82 (3:2). Дилшод Тағоев, 90+4 (3:3).

Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

«Панҷшер» – «Исфара» – 10:1

Голҳо: Саидакбар Юнусов, 2 (1:0). Саидакбар Юнусов, 15 (2:0). Шоҳин Ҷалилов, 22 – аз пеналтӣ (3:0). Хушбахт Назиров, 27 (3:1). Қиматшо Муъминшоев, 53 (4:1). Абдухалил Боронов, 57 (5:1). Саидакбар Юнусов, 60 (6:1). Қурбон Сайфиддинов, 61 (7:1). Хушбахт Миров, 69 (8:1). Сорбон Қурбонов, 84 (9:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 90 – аз пеналтӣ (10:1).

Беҳтарин бозингари  сабқат: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).

«Эсхата» – «Шоҳмансур» – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии чемпионат

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1    «Равшан»(Кӯлоб)  22  17  0  5  72-38  51
 2  «Эсхата» (Хуҷанд)      22  16  1  5  59-32      49  
 3  «Панҷшер»(Балхӣ)  22  12  5  5  63-27  41
 4  «Равшан»(Зафаробод)  22  11  6  5  47-28  39
 5  «Ҳулбук» (Восеъ)  22  11  3  8  42-36  36
 6  «Моҳир» (Ёвон)  22  9  4  9  50-63  31
 7  «Ҳосилот» (Фархор)  22  9  3  10  38-39  30
 8  «Барқчӣ» (Ҳисор)  22  9  1  12  40-39  28
 9  «Ваҳдат» (Ваҳдат)  22  7  5  10  48-40  26
 10  «Саройкамар»(Панҷ)  22  7  5  10  42-49  26
 11  «Исфара» (Исфара)  22  6  1  15  30-63  19
 12  «Шоҳмансур»(Душанбе)  22  0  2  20  13-90  2

 

Октябрь 26, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд