Бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ — гӯшт ва тухми мурғ то кадом андоза таъмин аст? Барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» ин мавзӯъро шарҳ медиҳанд

Октябрь 15, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб шуда, дар таъминоти аҳолӣ бо ғизои сафедадор, аз ҷумла гӯшти парҳезӣ нақши муҳим дорад. Тавре маълум аст, аз сабаби гаронии нархи гӯшти гову гӯсфанд  эҳтиёҷи мардум ба тухму гӯшти мурғ, ки нисбатан арзонтар мебошад, бештар гардидааст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд сол пеш дар бозору мағозаҳо чунин маҳсулот бештар воридотӣ буданд. Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат дар чанд соли охир дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба маротиб афзуда,  бозори истеъмолӣ тақрибан бо маҳсулоти худӣ таъмин мебошад.

Тибқи ҳисобҳои оморӣ, то моҳи октябри имсол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 44 адад афзоиш ёфтааст, ки дар маҷмӯъ 170 ададро ташкил медиҳад.

Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 21 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд буд, ки то соли 2006  6 адади он фаъолият мекард. Имрӯз шумораи он ба 170 адад расидааст. Агар солҳои аввали истиқлол зиёда аз 355 ҳазор  сар паранда мавҷуд буд, пас ин рақам дар 8 моҳи соли 2020 ба 10 миллион сар расида, даҳҳо маротиба афзоиш ёфтааст.

Бо зиёд шудани корхонаҳои парандапарварӣ истеҳсоли тухм низ ба маротиб афзоиш ёфта, соҳибкорони мамлакат дар самти таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезию тухми мурғ саҳми муҳим мегузоранд. Дар баробари рушди истеҳсоли гӯшту тухми мурғ мушкилии ҳифзу нигаҳдории бехатари он низ ба миён меояд, ки дар ин самт бояд соҳибкорони мо ташаббускору навовар бошанд, то тавонанд ин соҳаи сердаромадро боз ҳам рушд диҳанд.

Тибқи ҳисобҳои оморӣ, то моҳи сентябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ 612 миллиону 549 ҳазору 200 дона тухми мурғ истеҳсол гардидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 189 млн. 233 дона зиёд мебошад.  Ин дар ҳолест, ки солҳои аввали истиқлол дар  ҷумҳурӣ солона 23 миллион  дона тухм истеҳсол мегардид.

Барои рақобатпазиру бозоргир будани маҳсулоти ватанӣ чӣ бояд кард?

То куҷо коргоҳҳои истеҳсоли хӯроки паранда корхонаҳои парандапарвариро бо хӯрокӣ ва маводи омехта таъмин карда метавонанд?

Бештари хӯроки омехта барои парандагон аз Россия, Қазоқистон, Эрон ва Аргентина ворид мешавад ва парандапарварон барои харидории он маблағи зиёд харҷ мекунанд, ки ба қимати маҳсулот бе таъсир намемонад. Чаро, оё истеҳсоли хӯроки омехта дар дохили мамлакат имкон надорад?

Болоравии қимати тухм  ва гӯшти мурғ бештар тирамоҳу зимистон эҳсос мешавад, чаро ? Мушкилӣ дар чист?

Мутахассисон барои як нафар истеъмоли 165 дона тухм дар як солро меъёр арзёбӣ мекунанд. Барои расидан ба он дар кишвар бояд соле беш аз 1 миллиард дона тухм истеҳсол шавад. Оё корхонаҳои парандапарварии ватанӣ талаботи аҳолиро бо ин иқтидор таъмин карда метавонанд?

Шарҳи пурраи ин мавзӯъ ва посух ба суолҳои мазкурро барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» дар пешниҳоди коршиносону мутахассисони соҳа пайгирӣ намудааст, ки  16 октябр, соати 08:30, 17:30 ва такроран  21:30 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз Радиои «Ховар» пахш  мешавад.

Октябрь 15, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад