Дар Бадахшон барқарорсозии 17 адад пул ба нақша гирифта шудааст
ХОРУҒ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устоворӣ зидди хатарҳои табиӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарорсозии 17 адад пул ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Дарвоз 2 адад, Ванҷ 8 адад, Рӯшон 3 адад ва Мурғоб 4 адад пулҳои мошингарди харобгашта аз нав барқарор мегарданд.
Ба мақсади амалисозии лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ванҷ навсозии пулҳои мошингарди харобгашта аз болои дарёи Ванҷоб оғоз ёфт. Се адад аз ин пулҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Техарв бунёд мегарданд, ки деҳаҳои Чихих, Удоб ва Техарвро бо ҳам пайваст месозанд. Дар километрҳои 25, 26-уми қитъаҳои роҳи мошингарди Ванҷ-Техарв аз болои ду рӯдхонаи кӯҳӣ ва байни деҳаҳои Чихоху Техарв аз болои дарёи Ванҷоб навсозии пулҳои мошингард идома дорад.
Корҳои сохтмониро мутахассисони Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо бар уҳда дорад ва аксари коргаронро ҷавонони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Сокини Ҷамоати деҳоти Техарв Дилшод Убайдов гуфт, ки “аҳолии ҷамоати деҳот аз ин иқдоми ҳукумати мамлакат бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Зеро солҳои охир таҳкурсии пул комилан хароб гашта, ронандагон ҷонро ба хатар гузошта, аз он убур мекунанд. Пули нав ба тамоми меъёрҳои муосир ҷавобгӯст ва иқтидори вазнбардории он низ ду баробар меафзояд. Дарозии пул 50 метр буда, паҳноии он 9 метр аст. Пас аз навсозӣ тавоноии борбардориаш то ба 60 тонна мерасад. Иқтидори вазнбардории се пули дигар низ, ки ҳоло сохтмонашон идома дорад, то ба 60 тонна расонда мешавад”.
Қарор аст, ки ин се пул соли оянда- дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






