Дар Бохтар масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавононро баррасӣ карданд

Октябрь 6, 2020 09:43

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Юсуф Обидзода дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар бо омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавсуф оид ба масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз ҳар гуна ҷиноят, оворагардӣ, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамчунин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии онҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила изҳори андаша карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар масъалаи тарбияи насли наврас ҳар фарди ҷомеа бояд бетараф набошад.

Зикр шуд, ки махсусан волидон бояд ҳамеша барои тарбияи фарзандонашон саъй намоянд, зеро оила ҷузъи муҳими ҷамъият ба ҳисоб рафта, тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди Ватан ва халқ мебошад.

Ҳамчунин волидайнро зарур аст, ки дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми назаррас гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни  ноболиғон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия гузаронида мешаванд.

Октябрь 6, 2020 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад